Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёт ҷаласаи назоратӣ оид ба омодагӣ ба зимистонро доир кард

Санаи нашр: 04-12-2023 Просмотрено: 2111

Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки роҳбарони идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди мамлакат тариқи маҷозӣ ҷаласаи  назоратӣ оид ба  омодагӣ ба зимистонро доир  кард.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти ҳамин сол «Доир ба сари  вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» дар вазорат ситоди омодагӣ ба зимистон таъсис дода, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст.

 Дар ҷаласа, тибқи нақшаи чорабиниҳо, масъалаҳои омодагии техникаи роҳнигоҳдорӣ ва таъмини роҳдорон бо либоси зимистона, маводи зиддилағжиш, ҳамлу нақли зимистонии бор ва мусофиркашонӣ ва дигар масъалаҳои марбута мавриди баррасӣ қарор  дода шуданд.

Бино ба гузориши роҳбарони МД  «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» (“ИХРА”)-и ВМКБ, вилояти Суғд, минтақаҳои Кӯлоб, Ҳисор, Рашт ва Бохтар нақшаи захира кардани маводи зиддилағжиш, сӯзишвории  дизелӣ,  ангиштсанг ва ҳезум  пурра иҷро гардидааст. Ба ҳолати 1 декабри соли 2023 дар маҷмуъ дар ҳамаи идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди зикршуда 38874 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 175844 литр сӯзишвории дизелӣ, 233 тонна ангишт, 101,2  метри мукааб ҳезум захира карда шудааст.

Дар муассисаҳои давлатии  “ИХРА”-и ВМКБ аз 93 адад техникаҳои зимистонгузаронӣ 76 адад, вилояти Суғд аз 119 адад техника -117 адад, минтақаки Кӯлоб аз 103 адад техника - 76 адад, минтақаи Ҳисор аз 66 адад техника - 64 адад, минтақаи Рашт аз 49 адад техника - 48 адад ва минтақаи Бохтар аз 75 адад техника - 70 адад, дар маҷмуъ дар тамоми ҷумҳурӣ аз 505 адад техникаи зимистонгузаронӣ 455 адад пурра ба кор омода карда шудаанд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷиҳати то ҳол пурра иҷро нагардидани нақшаи таъмиру омодасозӣ ва аз 505 адад дар ҳолати  корношоям қарор доштани 29 адад техникаи зимистонгузаронӣ изҳори нигаронӣ намуда,  ба роҳбарони идораҳои хоҷагии роҳҳои кишвар ҷиҳати дар муҳлатҳои наздиктарин  бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 Вазири нақлиёт омодагии муносиби роҳҳо, техникаю таҷҳизотро  ба зимистони фарорасида масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ намуда, таъкид намуд: «Аз сифати кори мо бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ҳамлу нақли саривақтии бору мусофирон ва фаъолияти мураттаби  соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бастагӣ дорад».

Дар ҷаласа муовини якуми вазир Раҳим Бобозода ва роҳбарони раёсатҳои дахлдори вазорат ширкат намуданд.