Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ! Сармутахассиси Вазорати нақлиёт Лайло Улуғзода ғолиби Озмуни ҷумҳуриявӣ гардид

Санаи нашр: 02-12-2023 Просмотрено: 1788

  2 декабр  бахшида ба 24-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» конференсияи илмӣ-адабӣ  таҳти  унвони «Фармони тақдирсоз ва саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»  ва  маросими ҷоизасупорӣ ба  ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.   Намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лайло Улуғзода яке аз ғолибони озмун дониста шуд.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, мушовири  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Меҳрӣ Олимшо, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумъа Давлат ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, инчунин  ғолибони озмун иштирок намуданд.

  Дар даврҳои якуму дуюми озмуни мазбур, ки аз моҳи май то инҷониб идома дошт, 211 нафар бонувон - хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот ширкат намуда, беҳтаринҳо, яъне 77 нафар ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифта, 52 нафар дар даври ниҳоии озмун иштирок намуданд, ки 28 нафари онҳо аз мақомоти марказӣ ва 24 нафар аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот мебошанд.

Аз рӯи натиҷаҳои баргузории даври ниҳоӣ 27 нафар бонувон, ки дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият мекунанд, аз ҷумла сармутахассиси Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лайло Улуғзода, сазовори ҷои аввал ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии  «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»  гардиданд.

Ба  ҳамаи ғолибон диплом ва мукофотҳо супорида шуданд.                                                          

                                  МАЪЛУМОТНОМА:

Улуғзода Лайло Нурмат 20 майи соли 1968 дар ноҳияи Шаҳринав, дар оилаи коргар ба дунё омада, соли 1985 мактаби миёнаи №10-и ноҳияи Ҳисорро хатм намудааст.

Соли 1990 Донишгоҳи техникии шаҳри Фрунзеи Қирғизистонро бо ихтисоси «Мошин ва дастгоҳҳои истеҳсолоти хӯрокворӣ»  ба итмом расонида, соҳиби дипломи муҳандис-механик гардидааст.

Номбурда фаъолияти меҳнатии худро худи ҳамон сол дар фабрикаи қаннодии «Ширин»-и шаҳри Душанбе ба ҳайси назоратчӣ-технолог оғоз бахшида, то вазифаи устои сех расидааст.

Солҳои 2004 -2006 Лайло Улуғзода фаъолияташро  дар агентии «Тоҷиксуғурта» дар вазифаи назоратчӣ идома додааст.

Аз 26 сентябри  соли 2006 инҷониб Лайло Улуғзода дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.  Ҳоло сармутахассиси Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти ҶТ мебошад. Ҳамзамон раисии Шурои занону духтарони дастгоҳи марказии вазоратро ба ӯҳда дорад.

Лайло Улуғзода барои саҳми арзандааш дар рушди соҳа бо Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти ҶТ ва унвони соҳавии «Нақлиётчии фахрӣ» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст. Шавҳараш низ соҳиби маълумоти олӣ буда, муҳандиси МД «Шабакаҳои гармидиҳити шаҳри Душанбе» мебошад.

P.S. Ҳайати роҳбарӣ ва кормандону мутахассисони Вазорати нақлиёти ҶТ Улуғзода Лайло Нурматро ба муносибати ғолиб омаданаш дар ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ самимона табрику таҳният мегӯянд ва барояш барору комёбиҳои нав  таманно манамоянд!