Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

САДАМАҲО САБАБИ АСОСИИ МАРГ ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН МЕБОШАНД. Вазорати нақлиёти ҶТ бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ семинар доир кард

Санаи нашр: 23-11-2023 Просмотрено: 1428

Рӯзи панҷшанбе, 23 ноябр дар Душанбе семинар дар мавзӯи «Бехатарии ҳаракат дар роҳ ва  таҷдиди истифодаи роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи марҳилаи 4-уми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4) доир карда шуд.

Дар семинар намояндагони тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла Бонки миллӣ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, вазоратҳои нақлиёт, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  КҲФ ва МГ назди Ҳукумати ҶТ, СУТ, Бонки ҷаҳонӣ, БАТР, БОР, JICA иштирок карданд.

Бояд зикр кард, ки барои истифодаи дарозмуддат ва бехатари роҳҳои автомобилгард бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ободонии роҳҳо аҳамияти муҳим доранд.

Садамаҳои нақлиётӣ (СН) хатари ҷиддӣ ба саломатӣ ва ҳаёти одамон ва сабаби асосии марг дар саросари ҷаҳон маҳсуб мешаванд.  Кайҳо маълум аст, ки дар роҳҳои ҷаҳон одамон бештар аз ҷанг ба ҳалокат мерасанд. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳар рӯз беш аз 3500 нафар дар роҳҳо мемиранд, дар як сол тақрибан 1,3 миллион маргро пешгирӣ кардан мумкин аст ва ҳар сол тақрибан 50 миллион одамон ҷароҳат бардошта, марг дар роҳҳо қотили асосии кӯдакон ва ҷавонон дар саросари ҷаҳон  гардидааст.

Мутахассисон тахмин мезананд, ки зарари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгард аз зарари ҳамаи дигар садамаҳои нақлиётӣ (ҳавопаймоҳо, киштиҳо, қатораҳо ва ғайра) бештар аст. СУТ ҳоло маъракаи иҷтимоии «Даҳсолаи амал оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, солҳои 2021-2030» – ро мавриди иҷро қарор дода, ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2030 на камтар аз 50% марг ва ҷароҳатҳои дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ рухдодаро пешгирӣ кунад.

Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода зимни суханронии худ дар семинар гуфт: «Садамаҳои нақлиётӣ ба иқтисодиёти мамлакати мо ва умуман ба ҷомеа зарари бузурги иҷтимоӣ, моддӣ ва демографӣ мерасонанд». Бино ба гуфти ӯ, сеяки ҳалокшудагон дар садамаҳои роҳро одамони синни фаъолтарини қобили меҳнат (26-40 сола) ташкил медиҳанд. Тақрибан 20% осебдидагон бар асари садамаҳои  нақлиётӣ маъюб мешаванд.

Намояндагони СУТ тазаккур доданд, ки бисёре аз ин талафотро тавассути бехатар кардани роҳҳо ва мошинҳо, инчунин ташкили роҳҳои пиёдагард, велосипедронӣ ва мусоидат ба рушди инфрасохтори нақлиёти роҳ пешгирӣ кардан мумкин аст.

 Аз ин рӯ, қисмати дуюми семинар ба талаботи ислоҳоти амалии идоракунии дороиҳои роҳ дар Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ бахшида шуд, ки он ба такмили таҷрибаи нигоҳдории инфрасохтори роҳҳои кишвар мусоидат хоҳад намуд.

 «Бо мақсади рушди минбаъдаи маҷмааи нақлиётии мамлакат, аз ҷумла сохтмону таҷдиди пурраи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард, сохтмони нақбу пулҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2,2 миллиард доллари ИМА сармоя ҷалб карда шуд, - иброз дошт муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода, - Дар оянда барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ҷалби тақрибан 7,3 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст».

 Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи БРАМОМ-4 ба ноил шудан ба афзалиятҳои асосии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мусоидат хоҳад кард. Ҳадафи марҳилаи чоруми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4) баланд бардоштани самаранокии савдои фаромарзӣ ва таҳкими устуворӣ ва бехатарии инфрасохтори алоқаи минтақавӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ, густариши мубодилаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он дар масири Роҳи Абрешим мебошад.