Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«МИННАТДОРИИ АМИҚ ИЗҲОР МЕКУНАМ». Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз Вазири нақлиёти Узбекистон нома гирифт

Санаи нашр: 23-11-2023 Просмотрено: 1797

Ба Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим аз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Маҳқамов нома омад, ки дар он номбурда аз иштирок ва пешниҳодоти ироакардаи ҳамтои тоҷики худ дар Форуми нақлиётии СҲШ ва Ҷаласаи вазирони нақлиёти СҲИ дар Тошканд сипосгузорӣ кардааст.

Дар нома омадааст:

«Муҳтарам Азим Иброҳим! Аз номи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон барои иштироки шахсии Шумо, пешниҳодот ва ташаббусҳои  ироакардаатон дар Форуми 1-уми нақлиётии Созмони ҳамкории Шонхой ва Ҷаласаи 12-уми вазирони нақлиёти Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 1-2 ноябри соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор гардиданд, миннатдории амиқ баён мекунам.

Изҳори итминон менамоям, ки рушди робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ дар доираи СҲШ, талошҳои муштараки мо ҷиҳати ташаккули фазои ягонаи нақлиётию коммуникатсионӣ дар минтақа, ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои байни давлатҳои аъзои созмонҳо дар соҳаи нақлиёт, логистика, сайёҳӣ, иқтисод ва сармоягузорӣ кафолати муваффақият дар густариши минбаъдаи шарикии дуҷониба ва бисёрҷониба миёни кишварҳои мо хоҳад буд.

 Бо эҳтиром, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон И.Махкамов».  

Ёдовар мешавем, ки дар Форуми 1-уми нақлиётии СҲШ ва Ҷаласаи 12-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ, ки аввали моҳи ноябр дар пойтахти Узбекистон баргузор шуданд, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияҳои нақлиётӣ, рушд ва истифодаи самараноки роҳҳои мавҷудаи минтақа ва бунёди долонҳои нави нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Зимни суханронӣ дар ин ҳамоишҳо Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим зикр кард, ки иқтидори созмонҳои мазбур дар соҳаи нақлиёт пурра истифода намешавад. Ба ақидаи ӯ, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ бояд роҳҳои ҳалли масъалаҳои таъсиси марказҳои транзитии байниминтақавӣ, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, тайири тарифҳои транзитӣ, сабук кардани шароит барои интиқоли байналмилалии бор ва рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ пайдо карда шаванд.