Хабарҳо

slider_img
slider_img

ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ЯКҶОЯ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ НАҚЛИЁТРО ОМОДА МЕСОЗАНД. Миёни вазоратҳои ду кишвар Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ва «Харитаи роҳ» ба имзо расид

Санаи нашр: 21-11-2023 Просмотрено: 2101

Имрӯз дар Қасри Кремли Маскав дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. 

Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт ва Нақшаи амалии ҳамкорӣ («Харитаи роҳ») дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025 имзо шуданд.

 Санадҳоро дар ҳузури Сарони ду давлат Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Федератсияи Россия Виталий Савелйев имзо карданд.

  Ҳадафи Ёддошти тафоҳум мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба тайёр кардан ва бозомӯзонидани мутахассисони соҳаи нақлиёт аст, ки ба манфиатҳои рушди маҷмааи нақлиётии ду кишвар ҷавобгӯ мебошад.

 Ҷонибҳо ният доранд, ки дар баргузории семинарҳои таълимии нақлиётии Тоҷикистону Русия дар самтҳои афзалиятноки зерин ба ҳамдигар мусоидат намоянд:

 -  ҳамлу нақли мултимодалӣ;

- шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи нақлиёт;

- рушди шабакаҳои нақлиёти минтақавӣ ва шаҳрӣ;

- сохтмон ва идоракунии инфрасохтори нақлиётӣ;

- амнияти нақлиётӣ;

- ҳуқуқ дар соҳаи  нақлиёт ва иқтисод;

- экологияи нақлиётӣ;

- рақамикунонии соҳаи нақлиёт;

-муайян намудани афзалиятҳои рақобатнокӣ дар бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои нақлиётӣ;

- ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодияҳои байнидавлатӣ;

- соҳаи логистикаи нақлиётӣ;

-таҳияи лоиҳаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ дар татбиқи онҳо;

-таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба манфиатҳои ташкилотҳо ва соҳибкорони дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистика фаъолияткунанда дахл доранд;

-таҳияи тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории амалкунанда ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ;

-рушди шабакаи таълим, омодакунӣ ва бозомӯзии кадрҳои касбӣ дар соҳаи нақлиёт, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистика.

Дар ин самтҳо ҳамкории МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ»,  КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» ва дигар сохторҳои дахлдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Муассисаи давлатии мустақили таҳсилоти олии Русия ва Донишгоҳи нақлиёти Русия пешбинӣ шудааст.

Тибқи Нақшаи амалии  ҳамкорӣ («Харитаи роҳ») дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои солҳои 2023-2025 имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи «Агроэкспресс» мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд. Ин хидматрасонии вижа ҷиҳати ташкили интиқоли босуръати контейнерҳо тавассути роҳи оҳан мебошад. Лоиҳа аз ҷониби ҶСК "Роҳҳои оҳани Русия" ва Маркази содиротии Русия (РЭЦ) амалӣ карда мешавад. Он имкон медиҳад, ки борҳои  маҷмааи агросаноатӣ ба Туркия, кишварҳои ИДМ ва Чин интиқол дода шаванд.

 Қобили зикр аст, ки пайвастани Тоҷикистон ба "Агроэкспресс" метавонад мӯҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат бахшад ва хатари омилҳои ба сифати мол таъсиррасонро коҳиш диҳад.