Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ МУНОСИБАТҲОРО БА САТҲИ БАЛАНДТАР МЕБАРАНД. Дар Маскав бастаи нави санадҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид

Санаи нашр: 21-11-2023 Просмотрено: 1710

«Мехостам таъкид кунам, ки мо аз натиҷаҳои  муколамаи имрӯза қаноатманд мнбошем». Чунин  арзёбӣ намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳоро бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дар  нишасти матбуотӣ, ки  имрӯз дар Қасри Кремл доир шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар дод.

 

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафтанд.

Сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон бо гузоштани гулчанбар дар пояи Қабри Сарбози Номаълум оғоз пазируфт.

Пас аз анҷоми вохӯрию гуфтушунидҳои сатҳи Олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бастаи нави  санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;

— Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;

— Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;

— Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

«Зимни музокирот Тоҷикистон ва Русия азми худро барои истифодаи иқтидори мавҷуда барои ба сатҳи сифатан баландтар баровардани муносибатҳо тасдиқ намуданд», -  тазаккур доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ.

 Имрӯз дар Қасри Кремл ҳамчунин маросими бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар оғози маросим Фармони Президенти Федератсияи Русия дар бораи мукофотонии Сарвари давлати мо бо мукофоти олии давлатии Русия қироат карда шуд.

Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин тасмими олии Президенти Федератсияи Русия изҳори сипос намуда, онро, пеш аз ҳама, ба қадрдонии баланди хидматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия мансуб донистанд.

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин низ  мулоқот намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.