Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар иншоотҳои соҳаи роҳу нақлиёт

Санаи нашр: 18-11-2023 Просмотрено: 2088

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ВМКБ  16 ноябр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим инчунин аз рафти бунёди як қатор иншоотҳои соҳа дидан намуд.

Аз ҷумла  роҳи автомобилгарди «Қалъаихум – Ванҷ-дарвозаи Рӯшон» дидан намуд. Сохтмони роҳ аз рӯи лоиҳа бо маром пеш рафта, коргарону мутахассисон дар 30 нуқта зарбдорона меҳнат мекунанд. Аз ҷумла, сутунпояҳои пули дарозиаш 70 метр аллакай  насб карда шудаанд. Ба истифода даромадани ин пул имкон медиҳад, ки роҳи маркази ноҳияи Қалъаихум аз тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва вайроншавии бармаҳал эмин  дошта шавад.

Дар вохӯрӣ бо сохтмончиёни нақби автомобилӣ дар километри 15+837 дар дехаи Чорф, ки  дарозии 3488 метрро ташкил хоҳад кард, Вазири нақлиёт  дастур дод, ки ба суръат ва сифати корҳо дтққати ҷиддӣ дода шавад. Дар дохили иншоот дастгоҳи махсуи ҳаводиҳанда низ насб карда мешавад.

Сохтмони накби дигар дар километри 35 + 407 низ идома дорад. Он  дар дехаи Тогмай сохта шуда,  дарозиаш 1.85 км-ро ташкил медихад.

Корхои хокканиву ҳамворкунӣ дар масири роҳи  навбунёд дар мавзеи Кеврон, ки қад-қади дарё ба дарозии 3,3 км в300 тӯл кашидааст,  анҷом дода шудаанд. Дар натиҷаи бунёди ин роҳ масофа 700 метр кутоҳтар мешавад. 

Дар дехаи Висхарв дар км  28+864 сохтмони Пули 6-метра огоз гардида, сутунпояхо насб гардидаанд. Вазири нақлиёт ҷиҳати бо сифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳо ба сохтмончиён дастурхо дод.

Дар ин ҷо бинои маъмурӣ барои Муассисаи давлатии  Идораи хоҷагии  роҳҳои ВМКБ иборат аз сё ошена ва 20 утоқи корӣ, толори маҷлис, ҷои хоб ва ошхона, ҳамчунин дар паҳлӯи он озмоишгох барои санҷиши маводҳои сохтмонӣ  бунёд карда мешаванд. Иттилоъ дода шуд ки дар паҳлӯи ин биноҳо  1 гектар майдон дар оянда  ҷиҳати ташкили хоҷагии деҳқонӣ истифода бурда мешавад.

Вазир супориш дод, ки ба тарҳи сохтмон тағйирот ворид карда, атрофи  бино низ бояд обод гардонда, дарахтхои мевадору сояафкан шинонда шаванд.