Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ. Роҳсозони ВМКБ соҳиби техникаи нави замонавӣ шуданд

Санаи нашр: 17-11-2023 Просмотрено: 1931

Дар ҷараёни сафари кории ҳайати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки 13 ноябр шуруъ шуд, ба роҳсозони вилоят техникаи нави нигоҳдории роҳҳо супорида шуд.

 

Тавре қаблан хабар дода шуд, ҳайати вазорат дар тадбирҳои идона бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилоят ширкат варзиданд. Онҳо аз намоишгоҳҳои таъомҳои миллӣ ва маҳсулоти дастии бонувони ҳунарманди вилоят дидан намуданд.

15 ноябр дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Ҳамоиши умумивилоятӣ таҳти унвони «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи нақлиёти ВМКБ» бо иштироки Вазири нақлиёт, муовини аввали Раиси вилоят, Раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, Раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ва кормандони соҳаи роҳу нақлиёти вилоят баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим роҷеъ ба иқдомоти беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус сохтмону таҷдиди роҳҳои мамлакат, аз ҷумла ВМКБ суханронӣ кард (матни суханронӣ дар солмона нашр шудааст).

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  Вазорати нақлиёти кишвар ба роҳсозони вилоят техникаи наву муосири нигоҳдории роҳҳо ба маблағи умумии 350 ҳазор доллари ИМА тақдим гардид.

17 ноябр  дар маркази шаҳри Хоруғ маросими супоридани  автогрейдеру экскаваторҳои нави тамғаи Longrui (Jiangxi) ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои Рӯшон (2 адад), Бартанг (1 адад) ва Ишкошим (1 адад) доир шуд. Калиди  мошинҳои навро ба  ронандагон дар вазъияти ботантана Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода супориданд.

Мавриди зикр аст, ки техникаи мазкур истеҳсоли ширкати чинии Machinery Co., Ltd. Lonkrui мебошад, ки он дар навбати худ корхонаи фаръии ширкати бонуфузи Hongkong Refined Holding Co., Ltd ба ҳисоб меравад.