Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

АҲСАНТ! Дастаи Идораи нигоҳдории роҳҳои ВМКБ сазовори Ҷоми Раиси вилоят оид ба футбол шуд

Санаи нашр: 18-11-2023 Просмотрено: 1128

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояӣти Мухтори Куҳистони Бадахшон мусобиқа оид ба футбол барои дарёфӣти Ҷоми Раиси вилоят баргузор гардид.

 

Дар ин ҳунарнамоӣ, ки хеле тезутанд ва шавқовар гузашт, дастаи Идораи нигоҳдории роҳҳои вилоят сазовори ҷои аввал ва Ҷоми Раиси вилоят шуд.

Ҷомро бо мукофоти пулӣ ба ғолибон 16 ноябр, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ботантана Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот супорид.

Мо ҳамкасбони худро бо ин ғалаба табрику таҳният мегӯем ва таманнои онро дорем, ки ҳамеша сарбаланду комгор бошанд!