Тавре қаблан хабар додем, 15 ноябр дар шаҳри Хоруғ, бо ибтикори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти уновони «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи нақлиёти ВМКБ» баргузор гардид.
Дар зер матни суханронии Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳимро дар ин ҳамоиш пешкаш мекунем.
Ҳамватанони азиз! Ҳозирони гиромӣ!
Ба ҳамаи Шумо салом арз мекунам ва ба созмодиҳандагони ин ҳамоиши гарму самимӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон изҳори сипос менамоям.
Ҳамоиши мо дар арафаи яке аз санаҳои хеле муҳим, таърихӣ ва тақдирсози миллат – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Бинобарин, бо истифода аз ин фурсат ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарам ва дар шахси шумо тамоми сокинони сарбаланд ва шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ин рӯзи саид самимона ва сидқан табрику таҳният мегӯям!
Воқеан ҳам, мавзӯи ҳамоиши имрӯзаи мо – «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи нақлиёти ВМКБ» бо иҷлосияи таърихии Шурои Олии кишварамон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад.
31 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992 дар марказии маъмурии вилояти Суғд, дар Қасри Арбоб иҷлосияи 16-уми Шурои Олии мамлакат ҷамъ омад ва дар ин рӯзи таърихӣ ва макони муқаддас фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иттифоқи оро Раиси Шурои олӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб шуданд.
Сарвари тозаинтихоби давлат, ки он вақт ҳамагӣ 40 сол доштанд, он рӯз ба минбар баромада, дар назди вакилон чунин изҳор доштанд: «Ман тарафдори давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошам... Ман ба Ватан сулҳ меорам... Тамоми гурезагонро ба Ватан бармегардонам, агар ин корро накунам, худамро осуда ҳис намекунам».
Инак, мову шумо шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки дар тӯли 31 сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба ин ваъдаҳои додаашон вафо карданд, балки корҳое карданд, ки дар ҳамон айём, оғози солҳои 90-ум ба гӯшаи хаёли касе ҳам намеомад ва мисли афсона менамуд. Сарвари давлат бо сиёсати дурбинона, некандешона, хирадмандона, бо ҷасорату иродаи қавӣ тамоми мушкилоти пешомадаро бартараф намуданд ва афсонаро ба ҳақиқат табдил доданд.
Дӯстони азиз!
Ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки ватанамон пеш аз ҳама ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Дастовардҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон ва рушди тамоми соҳаҳои кишварамон, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ ниҳоят бузурганд ва дар таърих назири худро надоранд.
Ҳозирини арҷманд!
Вақте мо озими сафари корӣ шудем, роҳораҳ шуруъ аз ноҳияи Дарвоз то шаҳри Хоруғ, бо чашми худ дидем ва бори дигар итминон ҳосил кардем, ки дар натиҷаи ташаббусу иқдомҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва бо ширкати бевосита, заҳмати фаъолонаву содиқонаи сокинони вилоят ин диёри қуллаҳои осмонбӯс ва уқобҳои сарбаланд сол ба сол, моҳ ба моҳ ва рӯз ба рӯз симои худро дигаргун мекунад, ободу зебо мешавад ва торафт бештар таваҷҷуҳи меҳмонон ва сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳар касе Бадахшонро надидааст, Тоҷикистонро надидааст».
Ва ин мӯҷиби ифтихори ҳамаи мо, мардуми сарбаланди тоҷик аст. Зеро Бадахшон мулки таърихӣ ва аҷдодии миллати тамаддунофари тоҷик аст ва ин диёри зебоманзар бо қуллаҳои сарбафалаккашидаи худ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» арзёбӣ шудааст.
Агар дар ёд дошта бошем, дар замони шуравӣ дар фасли зимистон ягона роҳи Душанбе- Хоруғ тавассути ағбаи Хобуробод то 5 ё 6 моҳ баста мешуд ва мушкилоти зиёд пеш меомад. Беморон ҳангоми номусоидии обу ҳаво рӯзҳо омадани таёраро интизор мешуданд. Ҳамчунин маҳсулоти ғизоӣ ва мавриди ниёзи аввалия дар зимистон дер ба вилоят дастрас мешуд. Наклиёти автомобилии мусофиркаш тамоман ҳаракат намекард.
Пас аз боз гардидани роҳи «Душанбе-Кулоб-Хоруғ» ин гуна мушкилот аз байн рафт.
Солҳои пеш тариқи ин роҳ мусофирон аз Душанбе ба Хоруғ ва аз Хоруғ ба Душанбе тӯли як ҳафта базӯр мерасиданд. Бо гузашти 30 сол ҳоло ин роҳро дар 10-12 соат тай кардан мумкин аст. Дар сурати пурра анҷом додани сохтмону таҷдиди қисмати роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон, ки ду сол пеш оғоз шуда буд, вақте, ки дар паймудани роҳ сарф мешавад, боз ҳам камтар мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки фармоишгари татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи «Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози лоиҳа - Маркази тадбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» ва паймонкори асосии лоиҳа - ширкати чинии «Чайна роуд бришин корпарейшин» мебошанд. Маблағгузории лоиҳаи роҳи байналмилалии «Душанбе-Қулма», дар қитъаи «Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон», кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин аст, ки хароҷоти лоиҳавии он 2,5 миллард сомониро ташкил медиҳад, ки аз қурби юан низ вобаста аст.
Қобили зикр аст, ки санги асоси ин қисмати роҳи байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябри соли 2021 гузошта шуда буд.
Қитъаи мазкур, ки бунёди 93 км роҳ, 2 адад нақб, 15 адад пул ва 5 адад долони нақлиётиро дарбар мегирад, кӯтоҳтарин масири роҳ то шоҳроҳи Қароқорум ва бандари Қарочӣ маҳсуб меёбад. Роҳи мазкур барои тамоми кишварҳои минтақа аз лиҳози иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ манфиатовар аст. Яке аз натиҷаҳои асосии ин лоиҳа ҳаракати пайваста ва бемамониати нақлиёти автомобилӣ дар масири Афғонистону Чин аз як тараф ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дурнамои васеъ хоҳад буд.
Дар ин рӯзҳо роҳсозон бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани роҳи мазкур аз мехнизму техникаи пуриқтидори замонавӣ самаранок истифода мебаранд ва талош меварзанд, ки роҳи пурхавфу душворгузарро ба ҷодаи тахту ҳамвор табдил диҳанд.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят 18 августи ҳамин сол дар Хоруғ иброз доштанд: «Яке аз мушкилоти бузурги ҳаёти сокинони вилоят дар даҳсолаҳои гузашта набудани роҳҳои муосиру бехатари мошингард ба ҳисоб мерафт. Барои аз байн бурдани ин мушкилот Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд».
Дарвоқеъ, роҳи «Душанбе- Хоруғ» дар замони гузашта дар мавзеъҳои Чапарак, Тиёқпарто ва Девдара дар дили одамони сафаракӣ тарсу ваҳм меандохт, онҳо бо мушкилот ва машаққати зиёд аз ин мавзеҳо гузар мекарданд. Имрӯз аз ин мавзеҳо роҳе мегузарад, ки мислашро касе дар гузашта тасаввур ҳам карда наметавонист.
Ҳоло роҳ тамоми сол, дар ҳама фаслҳо кушода аст. Ҳамарӯза қатораҳои автомобилҳои гуногунтамға аз Ҷумҳурии мардуми Чин, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе ҳаракат мекунанд. Бунёду азнавсозии роҳи мазкур аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолӣ ва шукуфоии Тоҷикистон аст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Девдара ба Гулдара табдил ёфт. Ин номро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми кушодашавии роҳ ба ин мавзеъ муносиб донистанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои мардуми вилоят ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пул ба истифода дода шудааст.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва ҳамзамон бо ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои дохилӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзоиш ёфта, бо ин мақсад беш аз 300 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст ва 870 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 193 пул таъмиру азнавсозӣ гардидааст. Инчунин, дар ин давра барои вилоят 70 техникаи роҳсозӣ харидорӣ карда шудааст. Ҳоло дар тавозуни Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 2738,5 километр роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 1276,3 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 383,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1078,5 км роҳҳои дохилӣ қарор доранд. Барои нигоҳдории ин роҳҳо дар ихтиёри муассисаи мазкур 198 адад техникаву механизмҳои зарурӣ мавҷуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида имрӯз дар вилоят ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст. Агар бо забони рақамҳо ҳарф занем, ҳамлу нақли автомобилӣ дар дохили вилоят соли соли 2000-ум ба 190 ҳазор тонна баробар буд, соли 2010 он 285, 7 ҳазор тонна ва дар нӯҳ моҳи соли 2023 миқдори 251,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ агар соли 2008 ҳудуди 48,3 ҳазор ва соли 2015 каме бештар аз 138,0 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, пас дапр нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ин рақам ба 209,0 ҳазор тонна расидааст.
Дар баробари беҳтар гардидани сатҳи инфрасохтори роҳ ҳоло симои шаҳру ноҳияҳо низ куллан дигаргун шуда, шароити зиндагии мардум хеле беҳтар гардидааст.
Дар маҷмуъ, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 59 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 24 млрд сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2400 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 326 пул, 6 туннел ва 219 километр роҳи оҳан бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, роҳҳои навбунёд кишварамонро бо давлатҳои ҳамсоя пайваст намуданд. Ҳамин минвол яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ – раҳо сохтани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ гардид.
«Ба амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои страегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем», - эълон намуданд бо изҳори қаноатмандӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 21 декабри соли 2021.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон дар раддабандии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ҷаҳон ҷои 50-ум, дар миёни кишварҳои ИДМ ҷои дуюм ва дар Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол намуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Чуноне медонед, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 23 декабри соли гузашта дар назди Вазорати нақлиёт, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаи нав гузоштанд - ба яке аз кишварҳои транзитии қораи Осиё табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он чун яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ зикр ёфтааст.
Ба ин мақсад ҳоло дар соҳа 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Айни ҳол татбиқи амалии 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, ки фармоишгари онҳо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (ба маблағи 10,7 млрд сомонӣ ё 1 млрд 55,2 млн доллари ИМА) бо маром пеш меравад.
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки бунёди роҳи «Душанбе-Хоруғ- Қулма» на танҳо барои аҳолии вилоят, кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, балки дар ояндаи наздик ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии «Чин – Тоҷикистон – шимоли Афғонистон» ва «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» истифода мегардад.
14 сентябри соли 2023 дар Душанбе Мулоқоти V машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории кишварҳои минтақаро дар робита ба долони нақлиётии мазкур муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ҳошияи ин мулоқот дар пойтахти Тоҷикистон нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид ва Созишнома дар бораи таҳкими робитаи байни нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расид.
Пас аз як ҳафта, 21 сентябри ҳамин сол, бо дастгирӣ ва мусоидати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ЭКО) дар Душанбе нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» баргузор гардид, ки ширкаткунандагони он санад ё пртоколи ҳусни ният имзо карданд.
Тавре Сарвари давлати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд, истифодаи долони мултимодалии мазкур барои ҳамаи кишварҳои фарогиранда манфиатовар ва аз ҷиҳати кам кардани масофа ва коҳиш додани хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самараноктар аст.
Бори дигар мехоҳам ёдовар шавам, ки долони мазкур тавассути роҳи автомобилгард қаламрави Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Эрон, Туркия ва Аврупо пайваст мекунад, ки ин ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки имкон дорад «Роҳи Абрешим», ки дар гузашта аз минтақаи Қафқози шимолӣ мегузашт, дар оянда ба шабакаи роҳҳои Қафқози ҷанубӣ низ пайваст карда шавад. Чунин ҳадаф дар Форуми IV байналмилалии Тифлис «Роҳи Абрешим», ки рӯзҳои 26-27 октябри соли 2023 дар пойтахти Гурҷистон баргузор шуд ва мо дар он ширкат намудем, садо дод.
Форуми IV байналмилалии Тифлис «Роҳи Абрешим» ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла, меъмории нави тиҷорати Шарқу Ғарб, долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва логистика, алоқаи рақамӣ, диверсификатсия дар бахши энергетика, устувории сайёҳӣ ва сармоягузориҳои гуногун барои ояндаи устувор бахшида шуд.
Шумо хуб медонед, ки Роҳи Бузурги Абрешим, ки оғози он ба асри 2-и то милод рост меояд, яке аз дастовардҳои бузурги тамаддуни қадими ҷаҳон мебошад. Бори аввал дар таърихи инсоният дар густураҳои азим аз Баҳри Миёназамин то уқёнуси Ором ин роҳ кишварҳо ва халқҳои гуногунро бо ҳам наздик сохта, боигариҳои моддӣ, бадеӣ ва маънавии онҳоро бо ҳам павастааст. Дар тӯли асрҳои зиёд дар ин роҳ мубодилаи афкор, осор, ҳунарҳо ва эътиқодҳо сурат гирифтааст.
Имрӯз ҷаҳон ба Роҳи Нави Абрешим ниёз дорад.
Роҳи Нави Абрешим - ин консепсияи системаи нави нақлиёти байниқитъавӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ташаббуси Чин «Як камарбанд - як роҳ» ба беҳтар кардани инфрасохтор тавассути долонҳои заминӣ, ки тақрибан ба Роҳи Абрешими қадим мувофиқат мекунанд, равона шудааст ва миёни сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалинҳо шуда ин ташаббусро дасгирӣ кардаанд.
Дар Форуми 4-уми байналмилалии Тифлис як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Чорроҳаи ҷаҳон» дар бораи рушди коммуникатсия миёни Арманистон, Озарбойҷон, Туркия ва Эрон муаррифӣ карда шуданд. Ин маънои онро дорад, ки Роҳи Абрешим, ки дар қадим аз Қафқози Шимолӣ мегузашт, акнун ба шабакаи роҳҳои Қафқози ҷанубӣ низ пайваст карда мешавад.
Ҳамин тариқ, ба долони мультимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» боз як гузаргоҳи нав илова мегардад, ки ин ба супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани долонҳои байналмилалии нақлиётии мо созгор аст.
Ҷиҳати ташаккули ин долони мултимодалии нақлиётӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик лоиҳаҳои бунёди қитъаҳои роҳи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ба масофаи 235 километр ва аз Варшез то гузаргоҳи «Кулма – Қарасу»-ро ба дарозии қариб 300 километр амалӣ карда, гузаргоҳи «Кулма – Қарасу»-ро таҷдид намояд.
Илова бар ин, 18 километр роҳ аз гардиши шоҳроҳи «Дарвоз – Ванҷ – Рӯшон» то маркази ноҳияи Ванҷ бо супориши Роҳбари давлат аз ҳисоби сарфаи маблағи лоиҳа пурра азнавсозӣ карда мешавад.
Аз ин ду километр роҳ дар дохили ноҳия чароғон карда, бо пиёдароҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъмин мегардад.
Корҳои лоиҳакашии роҳҳои зикршуда пурра ба анҷом расидаанд ва натиҷаи ташхис, яъне экспертиза рӯзҳои наздик муайян мегардад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ногуфта намонад, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон фаъолияти босамари ягон соҳаро бидуни технологияҳои рақамӣ ва рақамикунонӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст.
Бояд арз кунам, ки расо 20 сол пеш Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо имзои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 ноябри соли 2003 таҳти № 1174 ба тасвиб расида буд. Баъдан дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим чандин қонунҳо, қарорҳо ва барномаҳо қабул шуданд, ки дар онҳо дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи нақлиёт низ пурра татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ, ки ҷузъе аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошанд, пешбинӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2011 «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» қабул гардид, ки мутобиқи он барномаҳои электронии рушд дар тамоми соҳаҳо таҳия ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Вазорати нақлиёт чанд сол пеш ба иҷрои тадбирҳо ҷиҳати марҳила ба марҳила амалӣ сохтани рақамикунонӣ дар тамоми самтҳои соҳа, аз ҷумла дар бахши логиститка, коркарди роҳхату борномаҳо, идоракунии дороиҳои роҳҳо шуруъ намуд. Дар ин давра дар назди вазорат Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақдлиёт» таъсис ёфт, ки ҳоло ба таҳияи барномаҳои шиносномакуниии роҳҳо ва нақбҳои автомобилгард, қубурҳои обгузар, деворҳои муҳофизатӣ ва долонҳои нақлиётӣ машғул аст.
Феълан аз 26 модул дар 4 модул (иштирок дар тендер, гирифтани борхат, гирифтани CMR ё санади боркашонии байналмилалӣ ва иҷозатномадиҳӣ) корҳо оид ба марҳилаи аввали барномасозӣ ба анҷом расиданд ва марҳилаи дуюм оғоз ёфтааст.
Дар самти рақамикунонии соҳа Вазорат бо Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Агентиии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) ва дигар шарикони рушд ҳамкории босамар ба роҳ мондааст.
Тавре шумо иттилоъ доред, 19 сентябри ҳамин сол, тибқи моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» бори аввал дар таърихи Тоҷикистон баҳисобгирии дороиҳои роҳ ва ё шиносномадиҳии роҳҳои автомобилгард оғоз гардид. Ва ин маъракаи муҳим маҳз аз роҳи автомобилгарди байналмилалии дорои аҳамияти стратегӣ «Душанбе-Хоруғ-Қулма», ки дарозиаш 1008 км мебошад, оғоз пазируфт.
Баҳисобгирии дороиҳои роҳ ва дар асоси натиҷаҳои бадастомада шиносномакунии роҳҳо пеш аз ҳама барои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо доир карда мешавад. Ин маърака тавассути системаи муосир ва дар ҷаҳон машҳури ROMDAS гузаронида мешавад. Аз замони таъсисёбӣ дар солҳои 1990-ум, ширкати Data Collection limited (DCL) - и Зеландияи Нав таҷҳизоти ROMDAS-ро ба вазорату идораҳо ва ширкатҳои зиёда аз 60 кишвари дунё, аз ҷумла ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастрас кардааст. Системаи мазкур на танҳо дар Осиё, балки дар Амрико ва Аврупо низ васеъ паҳн шудааст. Агар шумо аллакай дар роҳҳои вилоят шинос шуда бошед, ба системаи мазкур, ки дар мошин насб карда шудааст, компютер (Notebook) бо ду клавиатураи беруна, қабулкунандаи GPS, ченкунаки лазерии масофа бо муайянкунандаи азимут, камераи видеоӣ бо компютери иловагӣ, системаи гироскопҳо, камераи рақамӣ, дастгоҳи вуруди маълумоти овозӣ, ченкунакҳои суръат ва масофаҳои тайшуда, муайянкунандаи ҳамвории TPL, дастгоҳи арзёбии коэффитсиенти пайвастшавӣ дохил мешаванд.
Дӯстони азиз!
Ду далели масарратбахш ва фараҳангези сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба роҳу нақлиётро хотирнишон месозам, ки низ бо ному пайкори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд.
Тавре шумо иттилоъ доред, соли 2020 нашрияи Ҷамъияти миллии чуғрофиёи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - маҷаллаи байналмилалии National geographic, Роҳи калони Помирро ба рӯйхати 10 роҳи зеботарини нақлиётии ҷаҳон ворид сохт. Роҳи Помир баъди роҳи ағбаи Вердони Фаронса дар мақоми дуюм гузошта шудааст. Ҷойҳои аз 3-юм то 10- умро роҳҳои Далтон-Хайвейи ИМА, шоҳроҳи Трансфегераши Руминия, роҳи Чуйски кишвари Олтойи Русия, шоҳроҳи Атлантикии Норвегия, роҳи кӯҳи Тянмэни Чин, шоҳроҳи 40-уми Аргентина, роҳи куҳии Колорадои Амрико ва Роҳи бузурги уқёнусии Австралия ишғол кардаанд.
Чизи дигар. Соли 2022 дар раддабандии кишварҳо аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард (Quality of roads), ки Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) тартиб додааст, Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои 50-ум, дар миёни кишварҳои ИДМ ҷои дуюм (баъди Озарбойҷон) ва дар Осиёи Марказӣ ҷои якумро соҳиб шуд. Қоби зикр аст, ки Тоҷикистон аз рӯи сифати роҳҳо дар ин раддабандӣ ё рейтинг аз Тайиланд, Индонезия, Эрон, Гурҷистон, Кувайт ва ҳатто аз чунин кишварҳои аврупоӣ, чун Италия, Белгия, Полша, Исландия ва Венгрия пеш гузаштааст.
Албатта, бо ташкили чунин роҳҳо ва долонҳои нақлиётӣ боркашониву мусофиркашонии дохилию байналмилалӣ зиёд гардида, имкониятҳои транзитиву сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бамаротиб тақвият меёбад. Ба ин васила инфрасохтор, соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят рушд меёбанд, сифати хизматрасониҳо бамаротиб беҳтар мегардад, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, сатҳи зиндагии сокинон торафт боло меравад.
Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ Асри 21-ро асри Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон номиданд.
Бинобарин, зарур аст, ки минбаъд низ ҳар кадоми мову шумо содиқонаву фидокорона ба нафъи мардуму диёри худ кору зандагӣ кунем ва дар амалишавии ин барномаи муҳташамп Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем.
Ҳозирини гиромӣ!
Таърихи роҳҳо – таърихи кишварҳост. Ҳанӯз дар замонҳои қадим, ҳазорҳо сол пеш аз милод, бунёди шаҳрҳо ва кишварҳо аз бунёди роҳҳо шуруъ шудааст.
Бино ба шаҳодати Ҳеродот, дар Мисри Қадим, барои он ки аҳромҳо бисозанд, садҳо ҳазор одамон аввал роҳ бунёд карданд, то ки аз дарёи Нил қабатҳои бузурги гилро ба майдони сохтмон бикашонанд.
Таърихи рушди роҳҳо – таърихи рушди кишварҳост. Ҳазор сол пеш, дар нахустин давлати тоҷикон, ки Роҳи бузурги Абрешим қаламрави онро убур мекард, сулолаи Сомониён низ қабл аз ҳама роҳу гузаргоҳҳои нав сохтанд. Дар натиҷа дар Фарғона, Ашт, Хатлон, Бадахшон истихроҷ ва истеҳсоли маъданҳо ба авҷ расида буд. Оҳан, симоб, сурб, навшодир, намак, тилло, нуқра, мисс, оҳан, шиша, суфол ва ғайра зиёд истеҳсол мегашт. Дар Бухоро корхонаи бузурге бо номи «Байту-тироз» фаъолият мекард, ки матоъҳои пахтагин мебаровард ва маҳсулоти он ба шаҳрҳои гуногуни олам содир мегашт. Бухоро нахустин бор дар замони ин сулола ба пойтахт табдил ёфта, бинокориву меъмории ин шаҳр ба афсона монанд гардид. Аз гӯшаву канори олам ба ин шаҳр тоҷирон сарозер гаштанд. Номи бозору дуконҳои Бухоро ва дигар шаҳрҳои машҳури Сомониён дар саросари олам машҳур шуданд.
Ва бубинед, ки Сарвари оқилу донои мо, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ фаъолияти созандагии худро дар солҳои Истиқлолияти давлатии кишварамон аз сохтмону таҷдиди роҳҳу пулҳо шуруъ карданд ва баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро дар баробари истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Барномаи рушди иқтисодии Тоҷикистон эълон намуданд.
Дар натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон ҳазорҳо километр роҳу пулҳо ва нақбҳои нақлиётии замонавӣ, даҳҳо неругоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, садҳо боғу майдон, биноҳо ва маҳаллаҳои нави зист, даҳҳо ҳазор корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ, фарҳангӣ, солимгардонӣ ва варзишӣ ва иншооти дигар сохта, ба истифода дода шуданд.
Таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои оқилу тавонои миллат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, ки дар Осиёи Марказӣ калонтарин аст, аз сар гирифта, то имрӯз ду агрегати ин иншооти бузурги аср, ки дорои 6 агрегат бо иқтидори умумии 3600 мегаватт-соат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ин нуктаро ҳам бояд таъкид намуд, ки бори аввал дар тӯли садҳо сол Сарвари давлати тоҷикон аз аҳамияти ваҳдати миллат, зарурияти хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи таърих, забон ва фарҳанги миллат бо садои баланд ва аз минбарҳои бонуфузи олам бо забони шевои тоҷикӣ сухан гуфтанд ва дар ин боб китобу рисолаҳо таълиф намуданд.
Ҳозирини арҷманд!
Шахсиятҳое, ки бо фаъолияти фарогирандаи худ тақдири як қавм ва як кишварро билкул дигаргун месозанд, дар таърихи башарият ангуштшуморанд. Миллати тоҷик ду нафар чунин шахсиятҳоро дорад - яке Исмоили Сомонӣ аст ва дигаре Эмомалӣ Раҳмон. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамон девори нангу номус ва қуллаи ҷасорату хештаншиносист, ки Тоҷикистонро дар ҳазораи сеюм аз бозиҳои геополитикӣ вораҳонид ва масири истиқлол ва бунёди давлати миллиро ҳифз намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, муаллифи матни Конститутсияи Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ роҷеъ ба роҳи паймудаи миллат сухан ронда, бо хушҳолӣ аз саодати миллат ин роҳро роҳи шараф номида гуфтааст:
Ин роҳ, ки бар тани Ватан шарён аст,
Роҳи шарафи Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ман бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо табрик мегӯям ва бароятон рӯзгори тинҷу осуда ва пешрафтаву сазовор орзу мекунам.
Саломату сарбаланд бошед!