Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҲАМОИШИ УМУМИВИЛОЯТӢ. «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи нақлиёти ВМКБ»

Санаи нашр: 15-11-2023 Просмотрено: 1316

Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ, бо ибтикори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти уновони «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи нақлиёти ВМКБ» баргузор гардид.  

      Иштирокчиёни ҳамоиш сараввал аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби бонувуони ҳунарманди шаҳри Хоруғ  ороста шуда буд, дидан намуданд.

      Ҳамоишро муовини якуми Раиси вилоят Шарифхон Сафарзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

     Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба нақши бузург ва  иқдомоти бесобиқаи Роҳбари давлат дар рушди соҳаи роҳу нақлиёт сухан намуда, амалишавии барномаҳои давлатиро дар ин самт аз қадамҳои устувор дар роҳи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар унвон намуд (матни муханронии  Вазир алоҳида нашр мешавад).

Дар ҳамоиш инчунин  Раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи роҳу нақлиёт Нисо Бобоева оид ба сиёсати кадрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ҷовонон ва бонувон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ дар вилоят сухан ронд.

Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоӣ таҳти унвони «Бо Президентам ифтихор дорам!» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор нафар бо Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳои тараннумгари фазои идона фаъолона ширкат намуданд.

 Раҳпаймоӣ аз Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ оғоз ёфт ва дар майдони Исмоили Сомонии маркази маъмқурии вилоят ҷамъбаст гардид. Дар ин тантани идона муовини якуми Раиси вилоят, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат доштанд.

Қобили зикр аст, ки тадбирҳои бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 - умин солагарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанд рӯзи охир сурат гирифтанд, ба намоиши ҳақиқии фазои идона, шукргузорӣ аз даврони соҳибистқлолӣ,  суботу оромӣ ва  ваҳдату созандагӣ дар вилоят  табдил ёфтанд. 

Дар ин рӯзҳо сокинон ва меҳмонони вилоят дар ҳамоиши илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим” ва тамошои дастаҷамъонаи филми “Пешво”-и рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолона иштирок карда, аз Намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоят ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.