Хабарҳо

slider_img

Дар Вазорати нақлиёт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Санаи нашр: 13-11-2023 Просмотрено: 1232

Имрӯз дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва идораю муассисаҳои тобеи он ҳамоиш доир гардид. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳозиринро бо ин санаи муборак табрику таҳният гуфт.

   Мавриди зикр аст, ки 16-уми ноябр, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бисту нӯҳ сол муқаддам, маҳз дар ҳамин рӯз, 16 ноябри соли 1994 фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

«Дар он марҳалаи хассоси таърихӣ, дар оғози солҳои 90-ум  кишвари мо пеш аз ҳама ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъии мардум ниёз дошт ва  низоми идоракунии президентӣ маҳз ба ҳамин хотир, бо мақсади тақвият бахшидан ва самаранок намудани намудани фаъолияти ҳокимияти иҷроия, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд, - иброз дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронии худ дар ҳамоиш. - Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид».

Тавре гуфта шуд, дастовардҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон бузургу беназиранд. Зикр гардид, ки пеш аз ҳама бо кӯшишу талошҳои пайгирона ва фидокоронаи Сарвари давлат дар кишварамон амнияту суботи комил фароҳам омад, ки ин неъмату дастоварди бузург аст ва ба туфайли он рушди бесобиқа дар тамоми соҳаҳо равнақ пайдо кард. Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки ба «Формулаи сулҳ»- и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Миллали Муттаҳид  баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи он дар дигар  минтақаҳои даргири олам тавсия додааст.

«Дар тӯли ин солҳо дар кишвари  азизи мо Тоҷикистон на танҳо ба кашмакашу даргириҳои дохилӣ хотима дода шуд, балки мардуми азмияткашидаи мо ба ваҳдат расид,  истиқлолияти давлатии мо тащким ёфт. Бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти фарогир ба роҳ монда шуд, системаи мукаммал ва босамари мақомоти давлатӣ таъсис дода, рамзҳои асосии давлат қабул гардиданд, арзишҳо ва анъанаҳои миллии миллати тоҷик аз нав эҳё гардиданд¸ мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ бапроварда, амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ таъмин карда шуд», - гуфт Азим Иброҳим.

Бино ба суханони ӯ, дар ин давра сохтмони бузургтарин дар Осиёи Марказӣ  Неругоҳи барқии обии Роғун аз сар гирифта, то ин вақт ду агрегати он мавриди истифода қарор гирифт, ғайр аз ин даҳҳо неругоҳҳои барқии хурду миёна, садҳо километр роҳу пулҳо, корхонаҳои саноатӣ ва нақбҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳазорҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ қомат афрохтанд.

Тавре мавсуф тазаккур дод, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат симои деҳоти мо ба шаҳр наздик карда шуд. Танҳо дар се сол  ба муносибати 30-солагии Истиқлолият дар кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуданд. То 35-солагии истиқлолият (то соли 2026) дар саросари кишвар  ҳазорҳо иншооти дигар сохта мешаванд. Шакли деҳаҳо куллан тағйир меебад, инфрасохтори деҳот ба шароити шаҳр  боз ҳам  наздик мешавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносиботи байналмилалӣ сиёсати хориҷии «дарҳои кушод» - ро  ба роҳ монданд. Ин ба Тоҷикистон имкон дод, ки бо бисёр кишварҳо муносибатҳои гарму дӯстона барқарор намуда, ҳамкориро бо шарикони стратегии худ ба сатҳи баланд бардорад.  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва дӯстона дорад ва узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Созмони Милали Муттаҳид  чаҳор ташаббуси сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистонро дар масъалаи истифодаи оқилонаи  об пазируфт ва аз рӯи онҳо қатънома ва барномаҳои махсуси амал  барои тамоми кишварҳои олам қабул кард.

Дар кишарамон истифодаи васеъ аз технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ ба роҳ монда шуд, бори аввал дар таърих чандин рӯномаву маҷалаҳои давлатию ғайридавлатӣ арзи вуҷуд карданд, даҳҳо шабакаҳои нави телевизиону радио ба фаъолият шуруъ намуданд.

Ҷиҳати рушду тарақиёти бештари кишвар Пешвои муаззами миллат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок арзёбӣ намуда,  солҳои 2020-2040- ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон ва дар бораи рушди омӯзиш ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ фармони махсус содир карданд, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ...», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» , «Илм – фурӯғи маърифат»-ро роҳандозӣ намуданд, ки ба рушди илму дониш ва ақлу тафаккури шаҳрвандони мо такони қавӣ мебахшанд ва дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ нақши муҳим  хоҳанд дошт.

Дар солҳои Истиқлолият буҷети давлатии Тоҷикистон аз 252 миллион сомонӣ то 28 миллиард сомонӣ, яъне 11 баробар афзудааст.    Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 1,8 миллиард сомонӣ дар соли 2000 ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд. Яъне, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар тақрибан 53 маротиба ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ беш аз 30 маротиба афзудааст.

Дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 маротиба, андозаи нафақа 80 баробар , ҳаҷми даромади аҳолӣ 75 баробар зиёд шудааст.

Бо назардошти далелҳои баёнгардида Вазири нақлиёти ҶТ таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими давлатии мост ва он  ҳамасола бояд бошукӯҳ таҷлил  карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудаанд.

 Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бори дигар ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик гуфта, суханронии худро     дар бораи хизматҳо ва дастовардҳои бешумору беназири Президенти мамлакат бо чунин суханони худи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поён бурд, ки гуфтаанд: «Ман ҳамаи шумо, халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам!».