Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАЪВАТ БА ВАТАНДӮСТӢ. Дар Вазорати нақлиёт ҳамоиши ҷавонон доир гардид

Санаи нашр: 10-11-2023 Просмотрено: 1943

 9-уми ноябр дар Вазорати нақлиёти ҶТ бо иштироки муовини Вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, Раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат Нисо Бобоева  ва ҷавонони  фаъоли  дастгоҳи марказии вазорат ва идораю муассисаҳои тобеи он ҳамоиш барзузор гардид.

 Тавре  дар чамъомад зикр карда шуд,  яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлатро дар ҳама давру замон кор бо ҷавонон, аниқтараш сиёсати давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Зеро ҷавонон қуввае мебошанд, ки ояндаи давлат ва тақдири миллат ба души онҳо вогузор гардида, таъмини амну субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, иштирок дар раванди идоракунии давлатӣ ва  татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдор аз масъулият ва  вазифаҳои асосии онҳо ба шумор меравад.  Бинобар ин, дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни миллӣ ва мероси фарҳангии  халқамон, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷамъият, ташкил намудани мақомоти гуногуни давлатӣ, ки самти фаъолияти онҳоро кор бо ҷавонон ташкил медиҳад, яке аз вазифаҳои муҳими давлат маҳсуб меёбанд.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон заминаи   мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра ҷиҳати дастгирии ҷавонон санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад.

Ба хотири расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд. Дар ин давра «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд.

Ин санадҳои муҳимми давлатӣ ҷалби ҷавононро ба корҳои созанда вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таъмин намуданд, ки ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст.

Аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб беҳтар шудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ибороз доштанд: «Ҷавонон дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ки ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашон ин давлатро роҳбарӣ мекунанд ва ободу зебо мегардонанд».
       Бино ба гуфтаи Сарвари давлат, мутаассифона, солҳои охир гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ боиси нигаронӣ буда, сохтору мақомоти давлатиро вазифадор менамояд, ки барои гирифтани пеши роҳи ин амалҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд ва корҳои тарбиявиро дар байни ҷавонон боз ҳам тақвият бахшанд. Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд.

Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва волидайну наздиконашонро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.

Барои пеши роҳи ин кирдорҳои ношоистаро  ҳамаи моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ фаъолият карда, ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавононро ба созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ бигирем.

       Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид каордаанд,ки ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, муқаддасоти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва муҳимтар аз ҳама, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои оянда шуморанд.
      Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар корҳои шоиставу созанда ҷавонони моро интизоранд.
      Дар фарҷоми ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъоли соҳаи роҳу нақлиёт Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардид.