Хабарҳо

slider_img

ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти ҶТ ба муносибати 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 06-11-2023 Просмотрено: 1768

Муҳтарам ҳамкасбон, кормандони соҳаи роҳу нақлиёт!

Бо ҳисси ифтихору самимият ҳамаи Шуморо  ба муносибати  29-умин  солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -  санади асосии кишвар, роҳнамои  мардуми Тоҷикистон табрик гуфта,  ба ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми хонаводаатон саломатӣ, бахту саодат,  рӯзгори осуда, сарсабзиву хуррамӣ таманно мекунам!

 

 Ҳамкасбони  гиромӣ!

 

Нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи зисту амали халқамон бисту нуҳ сол муқаддам тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва маҳз ҳамин бурҳони қотеъ мардуми бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандии аввали солҳои 90 парокандаву парешонгаштаи моро ба ҳам овард.

Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳими таърихӣ дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи   ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияро  ҳуҷҷати волотарини кишвар барои ҳимояи ормонҳои халқ номида, чунин гуфтаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Пешвои муаззами миллат борҳо бо ифтихор зикр кардаанд: «Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла, ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд». 

Исботи ин гуфтаҳои Сарвари хирадманди давлат он аст, ки имрӯз   кишвари мо, новобаста аз вазъи ноороми сайёра ва рақобатҳои сиёсии ҷаҳон дар ҳамаи самтҳо бо иродаи қавӣ пеш рафта, мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот кору фаъолият доранд.

Боиси сарфарозиву ифтихори мо, роҳсозону нақлиётчиёни кишвар аст, ки дар ин созандагиҳо саҳми мо ҳам ҳаст. Бо бунёду таҷдиди роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо, кушодашавии хатсайрҳои байналмилалӣ Тоҷикистони мо ба як кишвари воҳид табдил ёфта, ба ҷаҳони мутамаддин пайваст гардид ва яке аз ҳадафҳои страегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  -  баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷомаи амал пӯшид. Имрӯз дар назди мо вазифа гузошта шудааст, ки ватани маҳбубамонро ба кишвари муосири транзитӣ табдил диҳем. Ба истифода додани роҳу пулҳо, нақбу гузаргоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои  ҷаҳонӣ, баргузории ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналмилалии соҳа дар Тоҷикистон, кушодашавии  долонҳои нақлиётии байналмилалӣ, ташкили КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ», ташаббуси таъсиси Маркази дипломатияи нақлиётии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ва ғайра аз ҷумлаи ин дастовардҳоянд. Ҳамаи ин ба шарофати Истиқлол ва фазои озоду демократӣ, ки Конститутсияи кишварамон ба мо ато намудааст ба даст омадаанд.

 

 Ҳамкасбони азаиз!

 

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи манфиатҳои миллат мебошад. Зеро дар он ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик инъикос ёфтааст. Зимнан, бартарияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷост, ки он худ баёнгари иродаи мустаҳкам ва ғаризаи тамаддунофарии миллати тоҷик мебошад.

Таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, сарчашма мегирад. Дар муддати кӯтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари хирадманд ва оқили кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи олимон ва ҳуқуқдонҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода, лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳияи намуданд.

Лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели соли 1993 омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод ва аз ҷониби шаҳрвандон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар ин маърака мардуми сарбаланди тоҷик бо мақсади муқаррар қардани ҳолати ҳуқуқии шахс дар дохил ва хориҷи кишвар, яъне ояндаи давлату миллати худ фаъолона иштирок карда, раъйи худро доданд.

Бо назардошти равандҳои пешрафтаи ҷомеа дар Тоҷикистон се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Бино ба гуфти сиёсатшиносони дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияҳои беҳтарини кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардидааст.

Ҳамчунин, Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмин намудани истиқлолияти  давлатӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли президентии идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин далолати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.

Барои мо, халқи тамаддунофари тоҷик мӯҷиби саодатмандист, ки ба бузургтарин неъмат – Истиқлолияти давлатӣ даст ёфтаем ва имкон фароҳам омад, то баъд аз ҳазор сол бо дасти худ барои худамон қонуни асосии кишварамонро эҷод кунем. Аз ин ҷост, ки имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмиллалӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати густардаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад.

 

 Дӯстони апрҷманд!

 

          Биёед дар баробари эътироф, кафолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат, мо низ дар самти эҳтиром, риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун масъулият нишон диҳем. Зеро ин амали мову Шумо дар назди давлату ҷомеа яке аз нишонаҳои зарурӣ ва тақозои тағйирнопазири ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ба ҳисоб рафта, яке аз талабот ва муқаррароти ҳатмии Конститутсия маҳсуб меёбад.

Бори дигар бистунуҳумин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли кормандони соҳа муборак гуфта, ба ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву тансиҳатиро таманно мекунам.

Бигзор Конститутсия ҳамеша роҳнамо ва равшангари  роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамкасбони арҷманд!