Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

РӮЙДОДИ МУҲИМ. 11 қабл зери ағбаи Шаҳристон дарозтарин дар ИДМ нақби мошингард мавриди истифола қарор дода шуд.

Санаи нашр: 27-10-2023 Просмотрено: 2434

Расо 11 сол муқаддам, 27 октябри соли 2012 дар роҳи миёни Душанбе ва Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби автомобилии «Шаҳристон» - ро, ки то имрӯз дарозтарин чунин нақб дар қаламрави ИДМ мебошад,  мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони нақби зери гузаргоҳи Шаҳристон 22 августи соли 2006 шуруъ шуда буд. Ба  истифода додани он, ки яке аз ҷузъҳои Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чанок» гардид, тамоми сол алоқаи автомобилиро байни ноҳияҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистон таъмин намуд.  

  Дар маросими мутантани ифтитоҳи нақб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти аз ҷиҳати стратегӣ барои кишвар муҳим  саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён карданд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин, мутахассисони ин кишвар, ки дар сохтмони нақб ва роҳҳо бевосита ва фаъолона иштирок  кардаанд, изҳори сипос намуданд. Ёдовар мешавем, ки пудратчии генералии лоиҳа ширкати чинии China Road буд.

«Акнун мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки бо ба итмом расидани сохтмони нақби «Шаҳристон» эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ба анҷом расид. Ба шарофати ин роҳ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ берун меояд. Дар баробари ин, мо бояд донем, ки ҳоло ин роҳ кӯтоҳтарин роҳест, ки кишварҳои Осиё ва Аврупоро бо ҳам мепайвандад, роҳест, ки ба рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи байни давлатҳои ду қитъа мусоидат мекунад», -  иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

 Бино ба гуфти Сарвари давлат, нақби зери гузаргоҳи Шаҳристон дар километри 180-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд», дар марзи байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд ҷойгир аст. Дарозии он 5 ҳазору 253 метр ва арзиши ин лоиҳа 430 миллион сомониро ташкил медиҳад.

 Ёдовар мешавем, ки аввалин нақби мошингард дар ин шоҳроҳ нақби  «Истиқлол»  бо дарозии 5200 метр дар зери гузаргоҳи Анзоб мебошад, ки соли 2006 бо иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти ҶИЭ Маҳмуди Аҳмадинажод расман ба истифода дода шуда буд.

Қобили зикр аст, ки расо баъди як сол, моҳи октябри соли 2013 нақби зери гузаргоҳи Чормағзак, ки дар шоҳроҳи «Душанбе- Ваҳдат- Кӯлоб» ҷойгир аст, расман боз гардид.

Дар маҷмӯъ, дар ду даҳсолаи охир дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон панҷ нақб сохта, ба истифода  шудаанд, ки тӯли умумии онҳо беш аз 18 километрро ташкил медиҳад. Барои бунёди  ин нақбҳо дар маҷмӯъ беш аз 250 миллион доллари ИМА сарф шудааст.  

 Пеш аз сохтмони нақбҳо тавассути гузаргоҳҳои Анзоб (баландии 3372 метр) ва Шаҳристон (баландии 3378 метр), дар фасли зимистон ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон давоми 6 моҳ аз дигар қисматҳои қаламрави кишвар гусаста буданд. Нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» роҳи байни пойтахти кишвар ва маркази маъмурии вилояти Суғдро кӯтоҳ карданд. Вақти сафар дар роҳи нав то 4,5 - 5 соат кам шуд. Роҳ тариқи  нақби «Шаҳристон»  алоқаи байни маҳалҳои аҳолинишини дурдаст (дар фасли зимистон ва баҳор барои  ҳамлу нақл дастнорас) - и ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро хеле осон кард.

  Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон нақби «Шаҳристон» дарозтарин нақби автомобилгард дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад. То кушодани он, тӯлонитарин нақби Идм «Истиқлол» (5,2 км) буд.

 Ҳамин тариқ, нақби автомобилгарди «Гимрин», ки соли 1991 дар Доғистон (Русия) ба истифода дода шуда буд ва  замоне аз ҷиҳати дарозӣ дар ИДМ ҷои аввалро ишғол мекард (4,3 км),   ба мақоми сеюм рафт.

Дарозтарин роҳи зеризаминии ҷаҳон бошад нақби «Лердал» (Норвегия) маҳсуб меёбад, ки дарозии он 24,5 километрро ташкил медиҳад.