Хабарҳо

slider_img

НАМЕГУЗОРЕМ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БА ДОМИ “МАНҚУРТҲО” АФТАНД!

Санаи нашр: 13-10-2023 Просмотрено: 1717

Ба Қабулгоҳи электронии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз номи корманди Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётии ВН ҶТ дар бораи рӯйдоди нангине, ки анқариб дар Аврупо рух дод, чунин нома расидааст.

 

“Мо, кормандони пажуҳишгоҳ беэҳтиромӣ нисбат ба кортежи (корвони) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми сафарашон  ба Аврупо охири  моҳи сентябри ҳамин сол аз ҷониби чанд нафар ба ном “тоҷикон”-и ҳувиятгумкарда, аъзои ҳизби наҳзат ва ”Гуруҳи 24”, ки дар Тоҷикистон расман ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эълон шудаанд, рафтори аз ҳар ҷиҳат ношоиста ва  ноҷавонмардона  меҳисобем ва  онро  шадидан маҳкум менамоем.

Зеро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар намояндаи расмии давлат ва миллати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.  Бинобар ин, эҳтиром ба ӯ эҳтиром ба давлату миллат ва таҳқири ӯ таҳқири давлату миллат ба ҳисоб меравад.  

Зиёда аз ин, Сарвари давлати Тоҷикистон тӯли сӣ сол барои ин  сарзамин ва ин миллат он қадар хизматҳои бузурги таърихӣ кардаанд, ки гузаштаи мо назирашро дар ёд надорад. Нодида гирифтани ин ҳама камоли беақлию бесаводии маҳз аст.

  Рафтори ин тоифа беҳанҷории ғайриисломӣ низ мебошад, зеро таълимоти дини мубини Ислом низ мусалмононро ба дўст доштани Ватани  худ ташвиқ менамояд, зеро дўст доштани Ватан аз суханони худи Паёмбари  мо Муҳаммад (с) сарчашма мегирад.

           Ва, ниҳоят, ин номуҳаззабони тарбиятнадида,  бадгавҳар ва бадкешро метавон “манқурт” номид. Манқурт чӣ касест?

  Вожаи “манқурт” – ро бори нахуст Чингиз Айтматов дар романи “Рӯзе дарозтар аз қарн” истифода кардааст. “Манқурт” касе мебошад, ки  мағзшӯӣ карда, мағзашро хушк кардаанд ва ӯ Ватан, миллат, таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва ҳатто падару модари худро ба хотири арзишҳои бегонаи зиддиинсонӣ мефурӯшад. Умуман, манқурт лаббайкгӯи сухани хоҷааш буда,  бо забони хоҷааш сухан мегӯяд, бо гӯши хоҷааш мешунавад, бо дасти хоҷааш мегирад ва ба пойи хоҷааш роҳ меравад.

Албатта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳо ҳамчун симои барҷастаи сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд ва ба ҳимояти мо ниёз надоранд. Вале мо ба ҳимояти ӯ ниёз дорем, зеро Ҷаноби Олӣ рамзи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мост! Ва намегузорем, ки чанд дайдуи шарафбохта нисбат ба Пешвои миллатамон носазо гӯяд! Намегузорем, ки ҷавонону наврасони мо ба доми ин манқуртҳо афтанд!

 

                                                       Муҳаммадӣ ХОҶАЕВ,

                         мутахассиси  КВД  “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии

                                              иншооти нақлиётӣ”-и

                                     Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон