Хабарҳо

slider_img
slider_img

ҲУШДОРИ ФАВРӢ! Ҳавои якбора сард шуда, боронҳои шадид меоянд

Санаи нашр: 05-10-2023 Просмотрено: 2408

6 ва 7 октябр, бинобар тағйири ногаҳонии обу ҳаво, дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии кишвар боронҳои шадид, дар минтақаҳои баландкӯҳ (2500 метр баландтар аз сатҳи баҳр) – борони  гузаранда ба барф интизор меравад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар тамоми қаламрави кишвар дар ин рӯзҳо боронҳои шадид, жола ва раъду барқ, инчунин шамоли тунд бо суръати то 15-20 м/с пешгӯӣ карда мешаванд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво  8-10 дараҷа паст мешавад.

 Тибқи маълумоти ҳавошиносонии тоҷик, дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз доманакӯҳҳои ҷанубии Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баланд шудани сатҳи об имконпазир аст. Илова бар ин, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Дар сурати вайрон шудани системаҳои заҳкашу обпартоҳо омадини сел дар маҳалҳои аҳолинишин  аз эҳтимол дур нест.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи корхонаҳои роҳсозии соҳа супориш додааст, ки  дар ҳолати омодабош бошанд,  тайёрии пурраи техникаи дар нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ дар давраи тирамоҳу зимистон истифодашавандаро таъмин намоянд.

 Дар баробари нн, Вазорати нақлиёти ҶТ аз ронандагоне, ки ба минтақаҳои кӯҳӣ мераванд, хоҳиш мекунад, ки дар роҳҳо хеле бодиққат бошанд ва Қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя кунанд. Дар ҳавои бад ва борон дар роҳ бояд масофа ва суръати ҳаракатро риоя кунанд, аз занги телефони худ парешон нашаванд ва дар ҷойҳои ҷалби пиёдагардон  аз эҳтиёт кор гиранд. Воситаҳои нақлиётро дар назди иншооти сохташаванда, ларзон ва зери дарахтон нагузоранд.

 Пиёдагардон низ бояд дар бораи бехатарии худ муроқибат  кунанд, зеро дар вақти борон биниши ронандагон заиф мешавад. Пиёдагардон ҳангоми убури роҳ бояд аз эҳтиёт кор гиранд ва набояд пеши назари худро бо кулоҳҳо ва чатрҳо пӯшанд.