Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд мулоқоти ҳамоҳансозӣ доир намуд.
Вазири нақлиёт ба сарпарастон ва шарикони рушд барои дастгирии моллиявӣ ва иштирокашон дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳу нақлиёт изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки саҳми онҳо дар баланд бардоштани сифати роҳҳо дар Тоҷикистон арзанда мебошад.
Ӯ аз нақши калидии роҳу нақлиёт дар рушди бемайлони тамоми соҳаҳои кишвар ҳамчун таъминкунандаи равобити пайвастаи иқтисодию тиҷоратӣ ёдовар шуда, илова намуд, ки ҳоло ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷиккистон ва истифодабарии иқтидорҳои транзитии он яке аз ҳадафҳои стратегии рушд пазируфта шудааст.
Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт ва тибқи созишномаҳои грантӣ 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 52 млн. доллари ИМА амалӣ мешаванд, аз ҷумла 7 лоиҳа дар ҷараёни татбиқшавӣ буда, татбиқи 5 лоиҳаи дигар ба анҷом расидааст ва дар давраи кафолатӣ қарор доранд.
Ҳамзамон барои ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии афзалиятноки сармоягузории сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди “Лаби Ҷар-Қалъаи Хумб” (134 км), “”Балҷувон- Сари Хосор” (60 км), “Бохтар- Ҷалолиддини Балхӣ- Қубодиён-Шаҳритус-Айвоҷ-сарҳади Ӯзбекистон”(170 км), “Рӯшон-Хоруғ-Қулма”(530 км), “Хуҷанд-Конибодом” (75 км), “Хуҷанд-Ашт”(122 км), “Ховалинг-Сагвор” (75 км), “Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Эстакадаи хиёбони С. Шерозӣ бо буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе”, сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ-Панҷи поён”(51 км) ва “Иншооти аз офатҳои табиӣ зарардида дар чумҳурӣ” корбарӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд идоа дорад.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз намояндагони институтҳои байналмилалиимолиявӣ ва шарикони рушд даъват намуд, ки кумаки худро дар асосноккунии техникӣ ва татбиқи лоиҳаҳои зикршуда дареғ надоранд.