Тавре қаблан хабар додем, 29-30 сентябр дар пойтахти кишварамон Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-2023" бо иштироки қариб 800 нафар меҳмонон аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон доир гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми видеоӣ ба ширкаткунандагони форум муроҷиат намуданд.
Дар қисмати расмии ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода суханронӣ карданд.
Дар кори форум Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов, муовини Русия Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия Марат Ҳуснуллин, Роҳбари Дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон Ғалимҷон Койшибоев, инчунин меҳмонони баландпояи дигар давлатҳо, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Мақсади асосии форум, ки бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд, муаррифии зарфиятҳои фазои мусоиди сармоягузории ҷумҳурӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкорӣ миёни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, инчунин мусоидат ба рушди савдои рақамӣ арзёбӣ гардид.
Пас аз қисмати расмии ифтитоҳи форум иштирокчиёни он ҷаласаҳои умумиро дар 9 сессияи (панелҳои) гуногуни мавзӯъӣ баргузор намуданд, ки дар онҳо чунин мавзӯъҳо баррасӣ шуданд: “Имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе", "Саноат - омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ", "Тоҷикистон – кишвари "энергияи сабз"," “Иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика","Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя", "Рушди иқтисоди сабз, рақамисозӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ" ва ғайра.
“Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ, ки ба бандарҳои баҳрӣ дастрасӣ надорад, яке аз ҳадафҳои стратегии худро баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон муайян намуда, тамоми кӯшишҳоро барои амалишавии ин ҳадаф ба харҷ дода истодааст. Бо ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои минтақавӣ мебошад”, - тазаккур дод Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сухани ифтитоҳӣ дар ҷаласаи панели "Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ" ва изҳори умедворӣ кард, ки ин ҷамъомад барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика мусоидат намуда, заминаи нав хоҳад гузошт.
Ба гуфтаи ӯ, бо дарназардошти тамоюли афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо, рушди иқтисоди ин ё он кишварро бидуни алоқаи нақлиётӣ ва логистикаи боркаш дар иртибототи байналмилалӣ тасаввур кардан душвор аст. Логистикаи нақлиётӣ қувваи пешбарандаи ҳамкориҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад. “Логистикаи нақлиётӣ - қувваи пешбарандаи ҳамкориҳои байналмилалӣ буда, ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро ҳамчун маҷмӯи протсесҳои ташкилӣ, идоракунӣ, истеҳсолӣ ва технологӣ пайваст месозад ва ташкили ҳаракати захираҳои моддӣ ва сойири захираҳоро таъмин менамояд”, - изҳор дошт вазир.
Сипас Азим Иброҳим мухтасар дар бораи иқтидорҳои нақлиётию транзитии кишвар маълумот дода, зикр намуд, ки асоси ҳуқуқии танзими байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 54 созишномаи дуҷониба ва бисёрҷониба ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 9 адад конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ дар самти нақлиёти автомобилӣ мебошанд. Дар асоси санадҳои мазкур, имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 33 кишварҳои хориҷии дуру наздик ҳамлу нақли автомобилиро амалӣ менамояд.
Тавре Вазири нақлиёти ҶТ гуфт, системаи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаст ба мавқеъи ҷуғрофии кишвар ҳамчун чорроҳа дар чараёни савдои байналмилалӣ ва ҳамчун пул миёни Чин, Осиёи Марказӣ бо Аврупо, инчунин Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик барои транзити молу хизматрасонӣ хизмат мекунад.
“Дар ин раванд, - изҳор намуд Вазири нақлиёти ҶТ, - бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии созмонҳои байналмилалии ва ташкилотҳои молиявӣ, дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ беш аз 60 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллиард доллари ИМА амалӣ гардида, айни замон дар соҳа 17 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи умумии 1 млрд. 122 млн.доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд”.
Бино ба гуфтаи Азим Иброҳим, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ боиси ба истифода додани зиёда аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир гардида, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт.
Зикр гардид, ки рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ суръатбахшии раванди ҳамгироии системаҳои миллии нақлиётиро бо механизми ҳамлу нақли байналмилалӣ тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии ин ҳамгироӣ рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва логистика барои таъмини ҳаракати молу маҳсулот ва хизматрасониҳо мебошад.
Тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон долонҳои афзалиятноки савдо ва транзитӣ муайян гардидаанд, ки аз шарқ ба ғарб, аз шимол ба ҷануб мегузаранд ва аҳамияти байналмилалӣ доранд.
“Айни замон, - зикр кард Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, - бо мақсади пайвастани Ҷумҳурии Мардумии Чин (тавассути хатсайри кӯтоҳтар) бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо истифодабарии самараноки долони мултимодалии “Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо” ба роҳ монда шудааст”.
Сипас дар ҷаласаи панели зикршуда муовини Вазитри нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, муовини Директори генералии Маъмурияти долонҳои байналмилалии нақлиётии Сергей Сабуров (Русия), директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Рахмиддин Саломзода (Тоҷикистон), муовини Раиси Ассосиатсияи боркашонҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ABAAT) Сиёвуш Шокиров, Директори Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб Мустафо Абдуллозода, Сардори шуъбаи роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Соҳибназарзода ва дигарон изҳори назар намуданд.