Хабарҳо

slider_img
slider_img

МУЛОҚОТИ ДУҶОНИБА. Тоҷикистон ва Чин дар бораи зиёд кардани теъдоди рухсатномаҳо (дозвол) барои интиқоли бор ба мувофиқа расиданд

Санаи нашр: 03-10-2023 Просмотрено: 1960

27 сентябр дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар   Пекин мулоқоти дуҷонибаи вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Чин Азим Иброҳим ва Ли Сяопэн баргузор шуд. Мулоқот дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор-2023, ки  дар пойтахти ҶМЧ сурат гирифт, доир гардид.

Ин аввалин мулоқоти дуҷонибаи вазирони нақлиёти ду кишвар буд.  

Азим Иброҳим ва Ли Сяопэн масъалаҳои мушаххасро дар самтҳои нақлиёт, логистика ва роҳҳои автомобилӣ, инчунин технологияҳои рақамӣ баррасӣ карданд.

Ҳарду вазир ба ин ақида розӣ шуданд, ки хатсайри байналмилалии нақлиётии “Душанбе-Кулма" бо дарозии 1008 км аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст ва қодир аст сатҳи ҳамкориҳои байни кишварҳоро ба таври назаррас баланд бардорад. Интизор меравад, ки ин роҳ ҳамчун гузаргоҳи иқтисодии транзитии «Чин –Тоҷикистон  – Шимоли Афғонистон» ва «Чин – Тоҷикистон 

–Узбекистон – Туркманистон  – Эрон  –Туркия  – Аврупо» истифода шавад. Дар робита ба ин, дар доираи рушди ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" татбиқи марҳилаи дуюми сохтмон ва таҷдиди ин роҳ, аз ҷумла роҳ аз сарҳади маъмурии ноҳияи Рушон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навсозии гузаргоҳи назоратии «Кулма-Каросу», инчунин бунёди инфрасохтори зарурии роҳ (таваққуфгоҳҳо барои истироҳати ронандагон, истгоҳҳoи санҷиши техникӣ ва хизматрасонии воситаҳои нақлиёт) муҳим дониста шуданд.

 «Мавриди зикр аст, ки ташаббуси  Чин "Як камарбанд – як роҳ"-ро миёни сарварони кишварҳои ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Пекин, дар Форуми дуввуми ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ карда буданд», -  иброз дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Дар мулоқоти вазирони нақлиёт таъкид гардид, ки гардиши бор миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯ ба афзоиш аст. Афзоиши солонаи ҳаҷми тиҷорат ва дар робита ба ин, густариши робитаҳои нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва Чин  тақозо мекунад, ки шумораи  рухсатномаҳои борбарӣ (дозвол) низ зиёд карда шавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки норасоии онҳо якчанд оқибатҳои ногувор дорад, аз ҷумла пайдоиши омилҳои номатлуб, таъхири мӯҳлати интиқоли бор, тағйири самти интиқоли бор ва ғайра.

 Дар ҷараёни сӯҳбати вазирони нақлиёт дар бораи зиёд кардани теъдлоди ин  рухсатномакҳо (дозвол) мувофиқа ҳосил шуд. Ба ҷониби Чин пешниҳод карда шуд, ки 3000 адад  рухсатномаро, ки моҳи октябри соли 2023 ба нақша гирифта шуда буданд, ҷудо кунад ва то охири сол боз 2000  рухсатномаи дигар ҷудо карда шавад. Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ шумораи иҷозатномаҳо ба 10000 хоҳад расид. Ҳамчунин Вазири нақлиёти Тоҷикистон хоҳиш намуд ки шумораи ин  рухсатномаҳо барои соли оянда ба миқдори 15 000 адад ба нақша гирифта шавад.

Вазири нақлиёти Чин гуфт, ки бо ҳамкораш комилан розӣ аст. "Ин масъала ҳалшаванда аст”, - гуфт ӯ ва илова кард, ки шумораи чунин  рухсматномаҳо барои нақлиёти автомобилӣ бояд вобаста ба талабот муқаррар карда шавад.  

Вазирон инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи технологияҳои рақамӣ, нақлиёти “ҳушманд” ва рушди логистикаро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ин мулоқот оид ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карданд.

Мулоқоти дуҷониба дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ  сурат гирифт.