Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Имрӯз Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-2023" ба кори худ оғоз кард

Санаи нашр: 29-09-2023 Просмотрено: 1933

Имрӯз дар пойтахти кишварамон Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-2023" бо иштироки қариб 800 нафар меҳмонон аз  беш аз 30 кишвари ҷаҳон ба кори худ шурӯъ кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  паёми видеоӣ ба ширкаткунандагони форум муроҷиат намуданд.

 Тавре зимни паёми худ Пешвои миллат иброз доштанд, форуми мазкур имкон медиҳад, ки дар давоми чанд рӯз бо дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол шинос шавад. Сарвари давлат дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, ки барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои муассир имкониятҳои ҷолиб доранд, сухан ронданд.

"Дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ – НБО-и Роғун  бо иқтидори 3800 мегаватт амалӣ шуда истодааст, ки имкон дорад на танҳо кишвари мо, балки кишварҳои минтақаро бо нерӯи барқи "тоза" таъмин намояд. Мо ният дорем, ки ба зудӣ иқтидори энергетикии кишварро тавассути сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ ва таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда ба   4 ҳазор мегаватт афзоиш расонем", - изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаноби Олӣ таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба ин нуктаи муҳим ҷалб сохтанд: дар Тоҷикистон асосҳои иқтисоди "сабз" ба вуҷуд омадаанд. Имкониятҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои рушди Тоҷикистон бо татбиқи лоиҳаҳои калон, миёна ва хурд алоқаманданд. Ҳукумати мамлакат барои сохтмони иншооти муҳим, воридоти таҷҳизот ва технологияҳои муосир як қатор имтиёзҳо муқаррар намуд. Илова бар ин, дар кишвар ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дорад.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти  кишвари мо беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки аз он беш аз 44 миллиард сомонӣ сармояи хусусӣ мебошад. Айни замон дар мамлакат зиёда аз 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 45 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

 "Имрӯз Дар Тоҷикистон беш аз ду ҳазор километр роҳҳои замонавии автомобилӣ, 190 километр роҳи оҳан ва беш аз 30 километр нақбҳои автомобилӣ ба истифода дода шудаанд", - гуфтанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 Пешвои миллат бар ин назаранд, ки иштироки сармоягузорон дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории кишвар ҳамкории иқтисодиро дар минтақа ба сатҳи сифатан нав мебарад.

Дар қисмати расмии ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода суханронӣ намуданд.

Дар кори форум Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов, Муовини Сарвазири Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин, ки ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодиро бар уҳда дорад,  Роҳбари Дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон Ғалимҷон Койшибоев, инчунин меҳмонони баландпояи дигар давлатҳо, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Мақсади асосии форум муаррифии зарфиятҳои фазои мусоиди сармоягузории ҷумҳурӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкорӣ миёни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, инчунин мусоидат ба рушди савдои рақамӣ мебошад.

Дар кори форум зиёда аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд.

 Бояд зикр кард, ки дар нимаи дуюми ҳамин рӯз иштирокчиёни форум ҷаласаҳои умумиро оид ба сессияҳои гуногуни мавзӯъӣ баргузор мекунанд.

 Дар онҳо чунин мавзӯъҳо баррасӣ мешаванд: "Имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе", "Саноат -  омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ", "Тоҷикистон – кишвари "энергияи сабз"," “Иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика","Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя", "Рушди иқтисоди сабз, рақамисозӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ" ва  ғайра.