Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ФОРУМИ ҶАҲОНИИ НАҚЛИЁТИ УСТУВОР-2023. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти кишвар ширкат намуд

Санаи нашр: 27-09-2023 Просмотрено: 1088

25-26-уми сентябри соли равон дар шаҳри Пекин (Ҷумҳурии Халқии Чин)  “Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор -2023»  баргузор гардид. Дар он ҳайати расмииҶумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ширкат намуд.

Форуми ҷаҳонии нақлиёти устуворро  Вазорати нақлиёти ҶМЧ ва Маркази глобалии инноватсия ва илм дар самти нақлиёти устувор роҳандозӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи Форум муовини Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хэ Лифэн меҳмононро хайрамақдам гуфт ва  номаи шодбоши Раиси ҶМЧ ҷаноби  Си Ҷинпинро ба ҳозирин расонид, ки дар он омадааст: “Мо омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо изҳор мекунем ва мусоидат ба он хоҳем кард, ки натиҷаҳои рушди устувор дар соҳаи нақлиёт сифати некуаҳволии мардуми кишвархоро боз ҳам   боло бубарад”.

Дар кори форум муовинони сарвазир, вазирони нақлиёт, инчунин роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии зиёда аз 30 давлат ҳузур доштанд. 

Ҳайати Тоҷикистонро Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим роҳбарӣ намуда, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Зоҳир Саидзода, директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Раҳмиддин Саломзода ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншоотҳои нақлиётӣ” Валиҷон Махсум шомили ҳайат буданд. 

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар нишасти пленарии Форум суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони форум, аз ҷумла Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ли Сяопэн  барои даъват ва меҳмоннавозии самимӣ изҳорӣ миннатдорӣ намуд.    

Азим Иброҳим  дар бораи нақши нақлиёт дар рушди устувор, ки аз ҷониби СММ ҳанӯз дар аввали солҳои 90-ум муайян шуда буд, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки форум имконияти хубест барои муҳокимаи роҳҳои мусоидат ба ҳамкории глобалии нақлиётӣ ва ноил шудан ба рушди устувор, инчунин муайян намудани талошҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт.

Мавсуф афзуд, ки тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди соҳаи нақлиёту логистика ва ворид намудани он ба раванди ҷаҳонишавӣ ҳамчун иштирокчии фаъоли ташаббусҳои байналмилалии нақлиётӣ равона шудаанд, самараи хуб дод.

Вазири нақлиёти ҶТ  зикр намуд, ки  Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки долони "Тоҷикистон - Узбекистон -Туркманистон - Эрон -Туркия -Аврупо" фаъолона кор бурда истодааст. Бино ба  гуфти Азим Иброҳим, “бартарии ин долон таъмини кӯтоҳтарин хатсайр аз сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо мебошад. Ин роҳ ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад”.

Дар доираи баргузории Форуми ҷаҳонии “Нақлиёти устувор” Нахустин вохӯрии вазирони нақлиёти “Чин - Осиё Марказӣ” низ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҳайати Тоҷикистонро Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва Сафири фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии  Мардумии Чин Зоҳир Саидзода муаррифӣ намуданд.

Вазири нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни  суханронӣ дар ин нишаст иброз намуд, ки  ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт  миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва  кишварҳои  Осиёи Марказӣ  хеле муҳим буда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, наздикшавии мавқеъҳо дар бисёр масъалаҳо, рушди иқтисодӣ ва умуман беҳтар намудани шароити некӯаҳволии халқҳоямон аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт вобаста аст.

 Азим Иброҳим таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои мубрами ҳамкорҳои минтақавӣ ҷалб намуда, аз  ҷумла зикр кард: “Тамоюлҳои вақтҳои охир нишон медиҳанд, ки кишварҳои минтақа ният доранд робитаҳоро бо соҳибкорон ва сармоягузорони чинӣ барои ҳалли масъалаҳои мубрами зерин боз ҳам тақвият бахшанд:

- ҳамкорӣ дар соҳаи рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ-логистикӣ ва хизматрасониҳои терминалӣ;

 - бунёди марказҳои тиҷоратию логистикӣ, ки логистикаи тиҷоратии Чин, Осиёи Марказӣ, кишварҳои Қафқоз ва Шарқи Наздикро бо ҳам мепайванданд;

- ба роҳ мондани истеҳсол ва фурӯши мошинҳои барқии чинӣ дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ;

- ташкил гардидани интиқоли борҳо тавассути бандарҳои Чин;

- зиёд намудани шумораи корхонаҳои муштарак ва лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт;

- баланд бардоштани қобилияти интиқол бо роҳҳои оҳан ва автомобилӣ, инчунин зиёд кардани шумораи парвозҳои мунтазам”.

       Вазири нақлиёти Тоҷикистон хотиррасон шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти зарурати андешидани тадбирҳои  муштарак ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти муттасили нақлиёт, таъмини занҷирҳои устувори таъминот, ки пайваста бо ҳамоҳангсозии талошҳо дар соҳаи нақлиёт алоқаманданд, дар Нишасти нахустини вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки  13 сентябри соли равон дар доираи мулоқоти Панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор шуд,    “Изҳороти муштарки Душанбе” қабул гардид. Ҳамчунин 14 сентябр Созишнома дар бораи таҳкими робитаҳои байниҳамдигарии нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои мулоқоти нахустини вазирони нақлиёти Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамбастагӣ ва  ҳамнақшии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи нақлиёт ва  зарурати таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ дар Осиёи Марказиро ба намоиш гухзоштанд.  

Дар Нишасти нахустини вазирони нақлиёти “Чин - Осиё марказӣ” Ёддошти тафоҳум оид ба ташкили механизми мулоқоти вазирони нақлиёти "Чин-Осиёи Марказӣ" қабул гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон онро Вазири нақлиёти кишвар имзо намуд. Тазаккур дода шуд, ки  қабул гардидани  санади мазкур, бешубҳа, барои татбиқи якҷояи созишномаҳои дахлдори байни кишварҳо оид ба масъалаҳои нақлиёт замина гузошта,  имкон хоҳад дод, ки ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” босифат рушд ёбад.  

Нимаи дуюми рӯзи 25-уми сентябр дар доираи форуми ҷаҳонӣ намоиши молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла технологияҳои нав, автомобилҳои барқӣ, дастгоҳу таҷҳизот, технологияҳои нави сохтмонӣ ва ғайра ташкил гардид, ки дар он Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо роҳбаладии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии  Мардумии Чин дидан намуданд.