Хабарҳо

slider_img

Ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии "Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия" баргузор гардид

Санаи нашр: 21-09-2023 Просмотрено: 1555

Имрӯз дар Душанбе таҳти сарпарастии СҲИ (Созмони  ҳамкории иқтисодӣ; Economic Cooperation Organization, ECO) нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии  "Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия" (ТУТЭТ) + Чин баргузор гардид. 

 Тавре қаблан иттилоъ дода будем, мувофиқи тавсияи "Эъломияи Анқара", ки аз ҷониби маҷлиси 11-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲИ (2 феврали соли 2022) қабул шудааст, қарор шуда буд, ки " Ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд ҷиҳати таҳияи барнома ва татбиқи лоиҳаи рушди роҳи автомобилгарди «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия» (ТУТЭТ) ва долони нақлиётии мултимодалӣ" таъсис дода шавад.

Дар ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ, ба ғайр аз шахсони баландпояи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии департаменти савдои хориҷии Роҳи Оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон Шаҳром Ҷаъфарӣ, мушовири  Вазорати корҳои хориҷии ЧИЭ Сайёд Руҳол, муовини  раиси кулли департаменти робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёт ва инфрасохтори Туркия Азиз Аксу, коршиноси Вазорати савдои Туркия Анил Эвмез, сармутахассиси департаменти байналмилалии нақлиёт ва логистикаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Соҳиб Қодиров, мутахассиси пешбари Маркази омӯзиши масъалаҳои рушди нақлиёт ва логистикаи Вазорати нақлиёти ҶУ Маҳмудҷон Тоҳиров, роҳбари шӯъбаи тадқиқоти маркетингии логистика ва хатҳои боркашонии ҶСК “Демирёллары”(Туркманистон) Бегли Суюнов, сардори шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва созишномаҳои ҶСК "Маркази нақлиётию логистикии Туркманистон" Аймырат Шириев, директор оид ба  нақлиёт ва коммуникатсияи  СҲИ Акбар Худоӣ  ширкат намуданд.

     Дар ҷаласа масъалаҳои рушд ва пешбурди гузаргоҳи байналмилалии транзитӣ бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содда кардани расмиёти савдо, бахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, баррасӣ карда шуданд.

 «Имрӯз бо кӯшиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Калаихумб-Ванҷ-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон” бо дарозии 92 км амалӣ карда мешавад, ки ба рушди минбаъдаи долони мултимодалии “Чин – Тоҷикистон - Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия” мусоидат мекунад», - тазаккур  дод зимни суханронии худ дар ҷаласа Вазири нақдлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим. Бино ба суханони ӯ, яке аз масъалаҳои муҳими рушди ин долон рақамисозии ҳуҷҷатҳо ё худ расмиёти транзитӣ мебошад.

Азим Иброҳим зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди нақши нақлиёт ва логистика дар таъмини тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамбастагии байни кишварҳои минтақа ҳамчун  таҳрикдиҳандаи пешбурди тиҷорати устувор ва рушди иқтисодӣ, инчунин тақвият ва тавсеаи имкониятҳои занҷири таъминот барои кишварҳои минтақа тавассути долонҳои мултимодалӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои тиҷоратии байни давлатҳои минтақа тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳад. Дар робита ба ин, Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз нахустин Нишасти  вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуд, ки 13 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст оид ба  нақши нақлиёт ва логистика дар таъмини рушди устувори тиҷорати байналмилалӣ ва хизматрасониҳои нақлиётӣ байни кишварҳои минтақа табодули ҳамаҷонибаи назару пешниҳодот сурат гирифт. Аз рӯи натиҷаҳои нишаст Эъломияи муштараки   вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул карда шуд ва Созишнома дар бораи таҳкими робитаи байни нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расид.  

Вазир изҳори умед кард, ки намояндагони кишварҳои иштирокчӣ оид ба истифодаи самараноки долони дар боло зикршуда, таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, афзоиши ҳамлу нақли бор ва ҳамоҳангсозии расмиёти убури марзҳо барои ҳамлу нақли мултимодалӣ байни кишварҳои мо, инчунин ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи инфрасохтори нақлиётӣ  ба мувофиқа хоҳанд расид.

Иштирокчиёни нахустин ҷаласаи Гурӯҳи кории сатҳи баланд  оид ба долони мультимодалии “Тоҷикистон –Узбекистон – Туркманистон -  Эрон -Туркия (ТУТИТ) + Чин аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо Санади (протокол)

ҳусни ният имзо карданд.

 Ёдовар мешавем, ки масири нави интиқоли бор аз Чин ба Туркия тавассути Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон аввалин бор 18 октябри соли 2022 дар Душанбе, дар ҷараёни Конфронси байналмилалии "Логистика ва афзалиятҳои он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа"муаррифӣ гардида буд.  

"Истифодаи долон аз ҷиҳати кам кардани масофа ва  коҳиш додани хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самараноктар аст", - гуфта буд дар ин конфронс Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

 Ӯ афзуд, ки  долони мазкур қаламрави Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути роҳи автомобилгард пайваст мекунад, ки ин ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд.

Илова бар ин, дар Ҷаласаи 10-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай 28 апрели соли равон дар Ню-Деҳли (Ҳиндустон) низ Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим   ин лоиҳаро аз ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор хеле муҳим номид.