19 сентябр дар Тоҷикистон бори аввал маъракаи муҳим ва ҳатмии баҳисобгирии дороиҳои роҳ – шиносномадиҳии роҳҳои автомобилгард оғоз гардид. Барномаи мазкур аз роҳи автомобилгарди байналмилалии дорои аҳамияти стратегӣ “Душанбе-Кулма” оғоз пазируфт.
Тӯли роҳи мошингарди "Душанбе - Кулма" 1008 км мебошад. Дар маҷмӯъ, дарозии умумии шабакаи роҳҳои Тоҷикистон тақрибан 26 600 километрро медиҳадад, ки аз он 14 339 км роҳҳои истифодаи умумӣ, аз ҷумла 3 348 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 127 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 8 864 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Шиносномакунии роҳҳо тавассути системаи муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо ROMDAS гузаронида мешавад. Ин технологияи муосир аст, ки барои ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳолати роҳҳо истифода мешавад. Аз замони таъсисёбӣ дар солҳои 1990-ум, ширкати Data Collection limited (DCL) - и Зеландияи Нав таҷҳизоти ROMDAS-ро ба ширкатҳои зиёда аз 60 кишвари дунё пешниҳод кардааст. Системаи мазкур на танҳо дар Осиё, балки дар ИМА ва Аврупо низ васеъ паҳн шудааст. Ба система компютер (Notebook) бо ду клавиатураи беруна, қабулкунандаи GPS, ченкунаки лазерии масофа бо муайянкунандаи азимут, камераи видеоӣ бо компютери иловагӣ, системаи гироскопҳо, камераи рақамӣ, дастгоҳи вуруди маълумоти овозӣ, ченкунакҳои суръат ва масофаҳои тайшуда, муайянкунандаи ҳамвории TPL, дастгоҳи арзёбии коэффитсиенти пайвастшавӣ дохил мешаванд.
Дар моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи проҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” чунин омадааст: “Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ зимни ба истифода додани роҳҳои автомобилгард шиносномакунии онҳоро амалӣ менамоояд. Тибқи шиносномакунӣ шиносномаи роҳҳои автомобилгард таҳия карда мешавад, ки дар он маълумоти асосӣ ва нишондиҳандаҳои (параметрҳои) роҳ, аз ҷумла навъи рӯпӯши роҳ, ҷойгиршавии аломату нишонаҳои роҳ, масоҳати замини ишғолкардаи роҳи автомобилгард ва маълумоти дигаре, ки барои банақшагирӣ, инкишоф ва истифодаи роҳҳои автомобилгард заруранд, дарҷ карда мешавад”.
Ба ибораи дигар, шиносномакунии роҳҳо як тартиби ҳатмии мунтазами тафтиши кӯчаҳо ва роҳҳои истифодаи умумӣ ба ҳисоб рафта, баҳисобгирии (инвентаризатсияи) роҳҳои автомобилӣ ва иншооти роҳ бо таҳияи шиносномаи техникӣ ва ташаккули пойгоҳи додроиҳои роҳ мебошад.
Шиносномаи техникии роҳи автомобилгард ҳуҷҷати техникӣ буда, маълумотро дар бораи хусусиятҳои иқтисодӣ, техникӣ ва истифодаи роҳи автомобилӣ, ки дар натиҷаи баҳисобгирии дороиҳои роҳ ба даст оварда шудааст, дарбар мегирад. Баҳисобгирии дороиҳои роҳ - ин ҷамъоварии мунтазами маълумот дар бораи хусусиятҳои иқтисодӣ, техникӣ ва истифодаи роҳи автомобилгард барои таҳия ва пешбурди шиносномаи техникии роҳи автомобилгард мебошад.
Нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ тибқи талаботи регламентҳои техникӣ бо мақсади таъмини бехатарии роҳҳои автомобилӣ, инчунин ташкили ҳаракати роҳҳо, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани ҳаракати бемайлон ва бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.
Аз ҷумла, дар бахши "Хусусиятҳои иқтисодӣ" аҳамияти иқтисодӣ ва маъмурии роҳ, алоқаи роҳ бо роҳи оҳан ва дигар роҳҳои автомобилӣ, шиддати миёнаи шабонарӯзӣ ва таркиби ҳаракат нишон дода мешавад.
Бахши "Хусусиятҳои техникии роҳ" қисмати асосии шиноснома мебошад, ки дар он маълумот дар бораи мавҷудият ва ҳолати техникии унсурҳои алоҳидаи конструктивии роҳ ва иншооти роҳ зикр мегардад. Дар ин бахш маълумот дар бораи параметрҳои унсурҳои геометрии роҳи автомобилӣ; маълумот дар бораи сохтори болопӯши роҳ ва навъои рӯйпушкунӣ; маълумот дар бораи буриши роҳҳо, пайвастшавӣ ва гузаргоҳҳо; дарозии роҳ ва нақшаи роҳ; иншооти роҳ ва канори роҳ ва ғайра нишон дода мешаванд.
Корҳои баҳисобгирии техникӣ ва шиносномакунии роҳҳои автомобилӣ марҳила ба марҳила иҷро карда мешаванд:
- корҳои омодагӣ ва ҷамъоварии маълумоти аввалия;
- корҳои майдонӣ;
- коркарди камералии натиҷаҳои бадастомада;
- барасмиятдарории шиносномаи роҳ дар асоси натиҷаҳои баҳисобгирии техникӣ.
Шиносномаи роҳ бояд ҳар сол аз рӯи натиҷаҳои ташхис нав карда шавад.
P. S. Дар сомонаи расмии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаҳои барномаҳои электронии шиносномакунии роҳҳои автомобилгард, нақбҳои автомобилгард, қубурҳои обгузар, дололонҳои зидди тарма ва з ва ғайра ҷойгир карда шудаанд.