Хабарҳо

slider_img

НАМЕДОНИСТАМ НАГӮЕД! БА МО МУРОҶИАТ КУНЕД! Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгоҳи электронӣ ба кор даромад

Санаи нашр: 19-09-2023 Просмотрено: 1274

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи васеи воситаҳои муосири коммуникатсия шурӯъ мекунад: мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23 июли соли 2016, № 1339 барои қонеъ гардонидани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҷавоб додан ба саволҳои онҳо қабулгоҳи электронӣ  ба фаъолият оғоз намуд.

 

  Робитаи мустақим  бо аҳолӣ ба мо кӯмак мекунад, ки  аз набзи замон огоҳ бошем, ба мушкилоти соҳа саривақт вокуниш нишон диҳем, дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҳалли онҳо чораҳои дахлдор андешем ва  ҳамзамон самаранокии  тадбирҳо  ва ташаббусҳои андешидаамонро пайгирӣ намоем.

Қабулгоҳи электронӣ ба шумо имкон медиҳад, ки ҷиҳати муҳокимаи масъала ва ё ҳалли мушкилот бо мо зуд тамос бигиред. Акнун шумо метавонед тавассути почтаи электронии вазорат бо суроғаи   qabulgoh@mintrans.tj   нома фиристед, ба роҳбари аввал ё муовинони ӯ савол диҳед ва ё ба қабули бевоситаи онҳо  худро номнавис кунед.

Муроҷиатҳои воридшаванда дар шӯъбаи  коргузорӣ ба қайд гирифта,  ҷиҳати  муайян сохтани иҷрокунанда ба роҳбарият пешниҳод карда мешаванд.

Ҷавоб ба  муроҷиаткунанда дар давоми 30 рӯз омода карда мешавад: тибқи моддаи 18 Қонуни ҶТ "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ", дар қабулгоҳи  электронӣ ҳамон мӯҳлате амал мекунад, ки барои муроҷиатҳои хаттӣ ба ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ  муқаррар шудаанд.  Дар айни замон мо кӯшиш мекунем, ки корро сареътар ба роҳ монем, хусусан дар ҳолатҳое, ки муроҷиат посухи фаврӣ талаб менамояд.

Ҷавоб дар яке аз ду шакл  ирсол мегардад: дар шакли ҳуҷҷати электронӣ (агар ному насаб ва суроғаи почтаи электронӣ нишон дода шуда бошад) ё дар шакли хаттӣ (агар ному насаб ва суроғаи аниқи ҷои истиқомат зикр шуда бошад).

Саволҳои муҳиму рӯзмарра ва ҷавоб ба онҳо дар сомонаи  расмии вазорат www.mintrans.tj   ҷойгир карда мешаванд.

Агар муроҷиати электронӣ саволеро дарбар гирад, ки ҳалли он ба салоҳияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мансуб нест, ба  муаллиф фаҳмонида мешавад, ки он бояд ба куҷо (ба кадом мақоми дахлдор)  ирсол гардад.

 

                                Муроҷиати электронӣ

 

Дар моддаи 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”  омадааст:

 “Муроҷиати электронӣ – муроҷиате, ки ба суроғаи расмии почтаи электронии мақомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидааст ё дар сомонаи расмии мақомоту ташкилоти дахлдор дар шабакаи Интернет ҷойгир карда шудааст”.

Система расонидани муроҷиати шуморо ба  вазорат пурра кафолат медиҳад ва имкон фароҳам меорад, ки вазъи баррасии муроҷиатро аз лаҳзаи фиристодани он то гирифтани ҷавоб пайгирӣ кунед.

 

              Кадом муроҷиатҳо баррасӣ намешаванд

 

 Мувофиқи моддаи 8 Қонуни ҶТ "Дар Бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" муроҷиат ба вазорат баррасӣ карда намешавад, агар:

- дар он насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда ва мақоми иҷтимоии ӯ зикр нашуда бошад;

- дар он суроғаи ҷои истиқомат ё суроғаи почтаи электронии муроҷиаткунанд зикр наёфта бошад;

 - дар он номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он мавҷуд набошад;

 - муроҷиат тавассути намояндагони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод шудааст, вале онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколати худро надошта бошанд;

- дар он дашном, таҳқир, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шахси мансабдор ва оилаи ӯ мавҷуд бошад;

- маълумоте, ки дар он оварда шудааст, ба воқеият мувофиқат накунад;

 - дар он саволест, ки ҷавоб ба он қаблан дода шуда бошад.

  

                        Номнависӣ ба қабули роҳбарият

 

Тавассути почтаи электронӣ шумо метавонед барои ноил шудан ба қабули бевоситаи хизматчиёни давлатӣ, ки ному насабашон дар ҷадвали қабулашон дар зер оварда шудааст, худро қаблан номнавис кунед. 

 

 

https://old.mintrans.tj/sites/default/files/2020/september/vazir2020.png

 Азим ИБРОҲИМ,

 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Ҳар рӯзи шанбе аз соати 9:00 то соати  12:00.

minister@mintrans.tj  

 

https://old.mintrans.tj/sites/default/files/2020/june/muovin_1_2020.jpg

 Раҳим БОБОЗОДА,

 муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҳар рӯзи душанбе аз соати 16:00 то соати  18:00.

 Ҳар рӯзи панҷшанбе аз соати  16:00 то соати  18:00.

r.bobozoda@mintrans.tj 

 

 

https://old.mintrans.tj/sites/default/files/2019/sh.jpg

 

Шоиста САИДМУРОДЗОДА,

 муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҳар рӯзи сешанбе аз соати  16:00 то соати 18:00.

 Ҳар рӯзи чоршанбе аз соати 16:00 то соати 18:00.

saidmurodova@mintrans.tj

 

Фаррух НЕЪМАТЗОДА,

 муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҳар рӯзи чоршанбе аз соати 16:00 то соати 18:00.

 Ҳар рӯзи ҷумъа аз соати 16:00 то соати 18:00.