Санаи 12 марти соли 2021 ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Белорусия оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли байналмиллалии автомобилӣ ба таври маҷозӣ доир гардид.
Зимни ҷаласа ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Белорус масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмиллалии автомобилӣ, мубодилаи рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмиллалии автомобилӣ барои солҳои 2021 ва 2022 ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Бо мубодилаи маълумот оид ба нишондиҳандаҳои омории боркашонӣ дар соли 2020 ва 2 моҳи соли ҷорӣ қайд гардид, ки минбаъд низ ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳо ва соддагардонии раванди ҳамлу нақли бор чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.