Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ИБТИКОРИ НАВИ ВАЗОРАТ. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шиносномакунии электронии роҳҳо ба роҳ монда мешавад!

Санаи нашр: 18-09-2023 Просмотрено: 1948

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Осиёгии Рушд бо таҷҳизоти бақайдгирии дороиҳои роҳ таъмин гардид. Таҷҳизоти мазкур аз ҷониби ширкати Зеландияи нав  дастрас ва бо мақсади  ҷамъоварии маълумот вобаста ба дороиҳои роҳ ба ҷумҳурӣ ворид гардид.

 

Таҷҳизоти нав дар автомашинаи сабукрави тамғаи “TOYOTA-PRADO” васлу насб гардидаст. Таҷҳизоти мазкур аз сканери лазерӣ, 3 адад камераҳо, одометр ва GPS иборат мебошад.

 Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир  ҳолати роҳ, индекси IRI, дарозии аниқи роҳҳои автомобилгард ва ҷойгиршавии иншоот ба таври электронӣ бақайд гирифта мешаванд. Ба ибораи дигар – шиносномакунии роҳҳо ба роҳ монда мешавад.

Инчунин пас аз пурра ҷамъоварӣ намудании маълумот вобаста ба роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва дороиҳои онҳо шакли электронии харитаи роҳҳои автомобилгар таҳия  мегардад.

Бо истифода аз таҷҳизоти мазкур сифати корҳои нигоҳдорӣ, азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳо муайян карда мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки шиносномакунии роҳҳо тибқи банди 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 июни соли 2021 № 1794  сурат мегирад.

P.S. Шиносномакунии роҳҳо ба кадом мақсад роҳандозӣ мешавад ва чӣ медиҳад? Дар ин бора ба таври муфассал дар наздиктарин фурсат маълумот хоҳем дод.