Хабарҳо

slider_img
slider_img

БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба гузаргоҳи мултимодалии "Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия" баргузор мешавад

Санаи нашр: 18-09-2023 Просмотрено: 1311

Рӯзи панҷшанбе, 21 сентябр дар Душанбе нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии*  "Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия" (ТУТЭТ) баргузор мешавад. Ҷаласаи машваратӣ таҳти сарпарастии СҲИ (Созмони  ҳамкории иқтисодӣ; Economic Cooperation Organization, ECO) баргузор мегардад.

Мувофиқи тавсияи "Эъломияи Анқара", ки аз ҷониби маҷлиси 11-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲИ (2 феврали соли 2022) қабул шудааст, қарор шуда буд, ки " Ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд ҷиҳати таҳияи барнома ва татбиқи лоиҳаи рушди роҳи автомобилгарди «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия» (ТУТЭТ) ва долони нақлиётии мултимодалӣ" таъсис дода шавад.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушд ва пешбурди гузаргоҳи байналмилалии транзитӣ бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содда кардани расмиёти савдо, бахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, баррасӣ карда шаванд.

Дар ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ, ба ғайр аз шахсони баландпояи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки директори генералии департаменти савдои хориҷии Роҳи Оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон Шаҳром Ҷаъфарӣ, мушовири  Вазорати корҳои хориҷии ЧИЭ Сайёд Руҳол, муовини  раиси кулли департаменти робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёт ва инфрасохтори Туркия Азиз Аксу, коршиноси Вазорати савдои Туркия Анил Эвмез, сармутахассиси департаменти байналмилалии нақлиёт ва логистикаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Соҳиб Қодиров, мутахассиси пешбари Маркази омӯзиши масъалаҳои рушди нақлиёт ва логистикаи Вазорати нақлиёти ҶУ Маҳмудҷон Тоҳиров, роҳбари шӯъбаи тадқиқоти маркетингии логистика ва хатҳои боркашонии ҶСК “Демирёллары”(Туркманистон) Бегли Суюнов, сардори шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва созишномаҳои ҶСК "Маркази нақлиётию логистикии Туркманистон" Аймырат Шириев, директор оид ба  нақлиёт ва коммуникатсияи  СҲИ Акбар Худоӣ  дарт назар аст.

 Ёдовар мешавем, ки масири нави интиқоли бор аз Чин ба Туркия тавассути Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон 18 октябри соли 2022 дар Душанбе, дар ҷараёни Конфронси байналмилалии "Логистика ва афзалиятҳои он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа"муаррифӣ гардида буд. Дар бораи ифтитоҳи долони мултимодалии "Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия” дар ин конфронс Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим хабар дод.

"Истифодаи долон аз ҷиҳати кам кардани масофа ва  коҳиш додани хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самараноктар аст", - гуфт вазир.

Бино ба суханони ӯ, афзалияти ин долон аз он иборат аст, ки қаламрави Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути роҳи автомобилгард пайваст мекунад, ки ин ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд.

Илова бар ин, дар Ҷаласаи 10-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай 28 апрели соли равон дар Ню-Деҳли (Ҳиндустон) низ Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим   ин лоиҳаро аз ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор хеле муҳим номид.