Пас аз анҷоми нахустин мулоқоти худ, ки 13 сентябри соли равон дар Душанбе баргузор шуд, вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия "Акиа Авесто" дидан карданд. Ёдовар мешавем, ки Нахустин мулоқоти вазирони нақлиёти минтақа дар доираи мулоқоти Панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид, баргузор шуд.
Ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ("Akia Avesto Automative Industry") аз ҷониби ширкати тоҷикии “Авесто Групп” ва ширкати туркии "Ulasimis Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi" моҳи январи соли 2018 бо мақсади истеҳсоли автобусҳои мусофирбари бренди AKIA таъсис дода шудааст. Моҳи марти соли 2019 Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман ба фаъолияти ширкат оғоз бахшида буданд.
Ширкати муштарак тибқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ “Авесто Групп” ва ширкати “ "Ulasimis Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi”- и Ҷумҳурии Туркия таъсис ефтааст. Фаъолияти он ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва боркашонӣ ва роҳандозии Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ" бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолот, мусоидат ба содирот, ивазкунии воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона карда шудааст.
Ин аввалин ва ягона ширкатест, ки дар Тоҷикистон бо истеҳсоли автобусҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ машғул аст ва дар саноатикунонии кишвар саҳми бориз дорад. Иқтидори истеҳсолии автобусҳо дар як сол 300 адад буда, шумораи умумии мутахассисони маҳаллӣ, ки дар ширкат кор мекунанд, 200 нафарро ташкил медиҳад. Ширкат 5 намуди автобусҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ мебарорад.
Автобусҳои истеҳсолшуда ба стандартҳои байналмилалии «Евро-5” мувофиқат мекунанд ва инчунин бо муҳаррикҳо ва қисмҳои ҳаракати ширкатҳои машҳур, ба монанди "Мерседес Бенз" ва "Zahnrad Fabrik"муҷаҳҳаз карда шудаанд. Ҳамаи қисмҳои эҳтиётии дар автобусҳо насбшуда аз ширкатҳои маъруфи аврупоӣ ва туркӣ кафолатҳои махсус ва сифати баланд доранд.
Дар айни замон, корхонаи муштарак автобусҳои дарозиашон аз 8 то 12 метрро истеҳсол мекунад ва инчунин бо тарҳрезии автобусҳои дуқабата, автобусҳои байнишаҳрӣ, автобусҳои бо гази табиӣ коркунанда, электробусҳо ва троллейбусҳо машғул аст.
Корхонаи муштарак инчунин троллейбуси нави озмоишии электрикиро истеҳсол кард, ки бо таҷҳизот ва технологияҳои нав муҷаҳҳаз ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, метавонад то 40 километрро бидуни пайвастшавӣ ба хатти интиқоли барқ тавассути нерӯи барқи ҷамъшуда тай кунад.
Дар баробари вазифаҳое, ки дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 зикр гардидаанд, татбиқи ҳадафҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити хуб барои интиқоли мусофирон тавассути хариди автобусҳои нави замонавӣ ва автобусҳои барқӣ, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошанд, марҳила ба марҳила амалӣ гардида, барои ноил шудан ба ин мақсад фаъолияти ин корхонаи муштарак равона карда шудааст.