Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

СУРАТГУЗОРИШ. Вазирони нақлиёти  Осиёи Марказӣ  аз Неругоҳи барқи обии “Норак” боздид карданд

Санаи нашр: 14-09-2023 Просмотрено: 1760

Пас аз анҷоми  Нишасти якуми худ вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Неругоҳи барқи обии Норак боздид карданд. Ёдовар мешавем, ки нахустин нишасти вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони Сарони давлатҳои Осиёи  Марказӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, доир гардид.

Дар даромадгоҳи шаҳри Норак меҳмононро бо нону намак  ва суруду мусиқӣ пазироӣ карданд, онҳоро лавҳаи бузурги сари роҳ бо навиштаҷоти "Хуш омадед ба Норак - шаҳри дӯстӣ!”( “Добро пожаловать в Нурек – город дружбы!") хайрамақдам мегуфт.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Қарабоев, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Маҳқамов, Директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди  Девони Вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳимро муовини аввали Раиси шаҳр Норак Шуҳрат Азимзода истиқбол  гирифт.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд,  ки Негугоҳи барқи обии “Норак” дсолҳои 70-ум дар наздикии шаҳри Норак, дар дарёи Вахш бунёд шудааст. Сохтмони НБО соли 1961 оғоз ефта буд.  Неругоҳ соли 1972 мавриди истифода қарор дода шуд.. Агрегати охирини Нерӯгоҳи Барқи Обии Нурек соли 1979 ба кор дароварда шуд.

Иқтидори неругоҳ 3 015 МВт (нӯҳ  чарха ҳар кадом бо иқтидори  335 МВт) - ро ташкил медиҳад. Баландии сарбанди неругоҳ 300 метр мебошад (то соли 2013 баландтарин сарбанди ҷаҳон буд), майдони оинаи обанбор  - 98 км2, ҳаҷмаш -  10,5 км3, дарозиаш - тақрибан 70 км.

  НБО «Норак» бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон ва пурқувваттарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Миёна мебошад. То соли 2018 ба  НБО «Норак» беш аз 50% тамоми иқтидори насбшудаи щамаи нерӯгоҳҳои Тоҷикистон рост меомад.  

Ҳоло НБО «Роғун»  сохта мешавад. Пас аз ба итмом расидани ин лоиҳа, сарбанди  НБО “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад, иқтидори истгоҳ ба 3600 МВт мерасад ва бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 сентябри соли 1997, дар Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” номи Турсун Улҷабоев дода шуд.