Имрӯз дар Душанбе, дар Мулоқоти V машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар ҳошияи он як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла Созишнома дар бораи таҳкими робитаи байни нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расиданд.
Дар Мулоқоти V машваратии Сарони давлатҳои ОМ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Ҷомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, инчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчун меҳмони фахрӣ ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ – роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе иштирок намуданд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо навори видеоӣ ба иштирокчиёни мулоқоти панҷуми машваратии сарони Давлатҳои Осиеи Марказӣ муроҷиат карданд.
Тибқи рӯзнома масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақа, аз ҷумла рушди муколамаи сиёсӣ, пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва экология, фаъолгардонии мубодилаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосири амниятӣ баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони кишварҳои минтақаро ба ваҳдат ва ҳамгироии бештар даъват намуданд. Сарвари Тоҷикистон таваҷҷӯҳи афзояндаи қудратҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба минтақа зикр намуда, таъкид карданд: "Дар ин шароит барои мо муҳим аст, ки ваҳдати Осиёи Марказиро нишон диҳем ва дар роҳи ҳамгироӣ дар дохили минтақа қадамҳои фаъолтар гузорем".
Дар робита ба ин, Президенти ҶТ зарур донистанд, ки ба ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии Вохӯрии машваратӣ супориш дода шавад, то ки барои рушди муштарак бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ ва кишварӣ пешниҳодҳои мушаххас таҳия намоянд.
Бо қарори Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халк Маслахатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мукофоти олии сарони давлатҳои Осиеи Марказӣ – “Нишони фахрӣ” супорида шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии V машваратӣ Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштарак қабул карданд. Инчунин дар ҳошияи ин Мулоқот ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расиданд:
1. Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи самтҳои умумии сиесати ҷавонон;
2. Созишнома дар бораи таҳкими робитаи нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ.
Ҳадафҳои асосии Созишнома дар бораи таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ, ки байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти заминӣ, таъмини муҳити рақобатпазир дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла мултимодалӣ, содда кардани раванди ҳамлу нақл ва транзит бо нақлиёти заминӣ, равнақи хизматрасониҳои муосири нақлиётӣ-логистикӣ, ҷорӣ кардан ва истифода бурдани технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамикунонии раванди интиқол бо нақлиёти заминӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди истифодаи “нақлиёти сабз” мебошад.
Барои амалӣ намудани назорати муштараки иҷрои ин Созишнома Комиссияи муштарак, ки аз намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои минтақа иборат хоҳад буд, таъсис дода мешавад.