Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар он роҳбарият ва кормандони вазорат, фаъолон ва собиқадорони соҳа ширкат намуданд.
Саҳми роҳдорону роҳсозони кишвар дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушду равнақи иқтисодиети ватан басо калон аст.
Ҷаласаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии муқаддастарин иди кишварамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябр 32-юмин солгарди он ҷашн гирифта мешавад, ва Рӯзи роҳсозони мамлакат, ки якшанбеи дуюми моҳи сентябр таҷлил меёбад, самимона табрику таҳният гуфт ва бо мисолҳои мушаххас аз рушди соҳаи роҳу нақлиёт дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон ёдовар шуд.
“Дар як вақт фаро расидани ин ду ҷашн то ҷое рамзист, - зикр намуд Азим Иброҳим. - Зеро саҳми роҳдорону роҳсозон ва кормандони соҳаи нақлиёти кишвар дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушду равнақи иқтисодиёти Тоҷикистон хеле калон калон аст”.
Тавре зикр гардид, дар тӯли 32 соли Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон корҳои бунёдӣ ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 6 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хати роҳи оҳан 5 пулу 3 нақби ќаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харид гардиданд.
Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Сипас, собиқадорони соҳа, вазирони собиқи нақлиёт Фаррух Муҳиддинов, Низом Ҳакимов, Хайрулло Асозода, Абдураҳим Ашуров, Шералӣ Ганҷалзода, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони нақлиёту хоҷагии роҳ Нуринисо Бобоева, собиқдори соҳа Робия Завқиева, Ҷумъахон Зуҳуров, Абдумаҷид Шарифов ва дигарон ба сухан баромада, оид ба нақши беҳамтои Пешвои миллат дар роҳи ба даст овардани Истиқлоли кишвар, вусъати роҳсозӣ ҷиҳати ба ҳам пайвастани минтақаҳои мамлакат ва ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон, аз таърихи роҳсозии Ватанамон мисолҳо оварда, ҷавононро ба маҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ даъват намуданд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ ба таври анъана ба муносибати таҷлили 32- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи роҳсозон кормандон ва собиқадорони соҳаи роҳу нақлиёт, ки дар рушди соҳа хизматҳои арзанда намуданд, бо унвони «Роҳсози фахрӣ», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, 26 нафар бо нишони сарисинагии «Роҳсозӣ фахрӣ», 25 нафар бо «Ифтихорнома» ва 2 нафар бо «Сипоснома» -и Вазорати нақлиёти Ҷумхурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.