Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

МУБОРАК БОШАД! Намояндагони соҳаи нақлиёт мукофотҳои давлатӣ гирифтанд

Санаи нашр: 04-09-2023 Просмотрено: 1418

Ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла соҳаи нақлиёт, ки дар фаъолияти меҳнатӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ба гурӯҳи калони мукофотонидашудагон ин мукофотҳоро 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориданд.   

         Аз ҷумла, Сарвари давлат ба Директори КВД "Институти лоиҳавии иншооти нақлиётӣ" Махсум Валиҷон Хомидҷон Медали "Хизмати шоиста"  супориданд.

 4 сентябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба як қатор намояндагони дигари соҳаи нақлиёт мукофотҳои давлатӣ супорид.

Ҳамин тариқ, бо фармони Президенти ҶТ инҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд

Бо Медали  «Хизмати шоиста»:

МАХСУМ Валиҷон Хомидҷон, директори КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”- и  Вазорати нақлиёти ҶТ;

САЛОМЗОДА Раҳмиддин Салом, Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ”- и Вазорати нақлиёти ҶТ;

САИДОВ Холбой Ҳамидович,   сармуҳандиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ;

САЛИМОВ Нутҳилло Азизович,  Сардори «Пойгоҳи локомотивии Душанбе”- и  КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон;

АРАБЗОДА  Хуршед,  Сардори МД  “Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард”- и минтақаи Кӯлоб.

           Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

        ХОЛМАТЗОДА Шоҳин Рӯзӣ,  Сардори Мудирияти корҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”;

        МИРЗОАЛИЕВ Муҳаммад Комилович,  муовини Директори ҶСК   «Экспедитсияи нақлиёти роҳи оҳан”;

         ХОҶАЕВ Бахтиёр, Директори  ҶСК «Экспедитсияи нақлиёти роҳи оҳан”.