Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ИБРАТИ ШАХСӢ. Мутахассиси пешбари Вазорати нақлиёт тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад

Санаи нашр: 01-09-2023 Просмотрено: 1884

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 "Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" тасдиқ гардидааст. Яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии ҶТ ҳифз ва таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва тақвияти тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим (ТҲС) мебошад.

 Мо бо мутахассиси пешбари  Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамза Пӯлодов, ки бо ибрати шахсии худ ТҲС-ро миёни ҳамкоронаш фаъолона тарғиб мекунад, мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом додем.

 - Ҳамза, бигӯй, ки тарзи ҳаёти солимро кай ва чӣ тавр шуруъ кардӣ?

- Бисёр оддӣ, аз даврони кӯдакию наврасӣ. Чуноне мегӯянд, ҳамааш худ аз худ шакл гирифт. Ман як бачаи серҳаракат будам, ором нишаста наметавонистам. Бо чиҳое, ки машғул намешудем – варзиши сабук, давидану ҷаҳидан, футболу волейбол, теннис... Китоб ҳам мехондем.

Аз китобҳои хондаат кадомаш то ҳол фаромӯш нашудааст?      

- Бисёр китобҳо. Бапрои мисол, “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ. Дар он аз бачагии ноором ва сахту сангини нависанда сухан меравад. Дар он солҳо  бемории сил дар Бухоро ва атрофи он хурӯҷ карда, бисёриҳоро ба коми худ фурӯ бурда бурдааст. Устод Айнӣ, ки он вақт ҳамагӣ 11-сола будааст, падару модар ва тағои худро аз даст додааст ва сарварии оиларо ба дӯш гирифта, бародарони хурдиашро худаш саробонӣ кардааст. Хӯрондааст, пӯшондааст, бозоршинӣ кардааст, замини назди ҳавлиашонро кишт кардааст... Ҳамаи ин, албатта, касро тасхир мекунад... 

- Хуб, баъд?

 - Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3, ба номи Қосим Олимови шаҳри Ҳисор, чун дигар ҳамсолонам ба машқу тамрин шавқ пайдо кардам. Минбаъд ҳаёти ман, тавре мегӯянд, ба таври стандартӣ пеш рафт. Ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шудам ва ба таври устувор ба машқи футбол дода шудам.  .    

- Чаро маҳз футбол?

- Дар ДТТ ман фаҳмидам, ки ин муассисаи олии таълимӣ дар гузашта дастаи футболи машҳуре доштааст, ки ба гуруҳи пешсафони Чемпионати Тоҷикистон шомил будааст. Солҳои гуногун дар ин даста ситораҳои футболи тоҷик, монанди Валерий Турсунов, Вазген Манасян, Александр Азимова ва дигарон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил намудаанд, ҳунарнамоӣ кардаанд.

- Ту кадом факултаро хатм кардӣ? 

-  Факултаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳро, аз рӯи ихтисоси муҳандиси сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо. Фаъолияти меҳнатиамро пас аз хатми донишгоҳ 30 августи соли 2017 дар КВД “Роҳсоз” шуруъ намудам. Аз моҳи декабри соли 2018 мутахассиси пешбари Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  мебошам. Дар ҳайати дастаи футболи вазорат дар мусобиқаҳо, аз ҷумла, дар сабқати футболи хурд барои Ҷоми Вазири нақлиёти Тоҷикистон, инчунин дар ҳайати дастаи “Ҳисор” дар лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон иштирок  мекунам.

 - Мухлиси кадом даста ҳастӣ? Аз бозигарон маҳорати кадом бозигар ба ту бештар писанд аст?

  - Мухлиси дастаи мунтахаби Тоҷикистон, инчунин дастаи “Реал” (Мадрид) ҳастам. Аз ҳама бештар бозии Криштиану Роналду ба ман писанд аст.

 - Оё хабар дорӣ, ки Роналдуи 38-сола ба Душанбе меояд?

 - Бале, албатта. Вай, ки ҳоло дар дастаи “Ал-Наср”-Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад,  дар доираи бозиҳои Лигаи  қаҳрамонҳои Осиё ба Тоҷикистон меояд. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ, ҳарду даста ба гуруҳи “Е” шомил шудаанд.

- Кай онҳо дар Душанбе ба майдон мебароянд?

- “Истиқлол” 5 декабр дар Душанбе бо “Ал-Наср” қувва меозмояд. То он рӯз ҳарду даста 3 октябр дар Риёз бо ҳам вомехӯранд.

- Аз шунидани натиҷаҳои қуръакашӣ хушҳол шудӣ?

 - Бале, албатта. Зеро мо, ҳаводорон, Роналду ва бозии зебои ӯро бори аввал дар варзишгоҳи худ бевосита ва аз наздик хоҳем дид!  

-  Оё “Истиқлол” метавонад дар бозӣ бо дастаи Роналду дастболо шавад?

 - Чаро не?! Усулан, дар бозӣ бо дилхоҳ даста метавон дастболо шуд. Дар футбол ҳар иттифоқе метавонад рух диҳад. Ҳама чиз ба вазифаи аз ҷониби роҳбарияти бошгоҳ таъйиншуда, интизоми ҳайат, кайфият ва вазъияти саломатии ҳар як узви он бастагӣ дорад. Яъне аз руҳияи умумии даста. Тавре Ҳенри Форд гуфтааст: “Бо ҳам омадан аввали кор аст. Бо ҳам буда тавонистан пешрафт аст. Бо ҳам кор муваффақона кор кардан пирӯзист”. 

 Ман итминон дорам, вақте фаро мерасад, ки мо тими миллии  Тоҷикистонро дар қисмати ниҳоии Чемпионати ҷаҳон низ хоҳем дид!

  - Аз куҷо ин итминону боварӣ?

  - Аз он ки имрӯз Федератсияи футболи Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бар уҳда дорад, ҷавонмарде, ки шахси дуюм дар роҳбарияти кишвар аст, худ футболбозӣ мекард ва мекунад ва ҳоло президенти Асосиатсияи  футболи Осиёи Марказӣ аст.  Федератсияи футболи Тоҷикистон, агар шумо огоҳ бошед, як Нақшаи стратегиеро бо номи “Орзу-2026” тасдиқ карда, мавриди амал қарор додааст, ки ҳадаф аз он дарёфти ҳуқуқи иштироки тими миллии     Тоҷикистон дар қисмати ниҳоии Чемпионати ҷахон оид ба футбол дар соли 2026 аст.

Ба ҷуз ин ҳама, тавре як шахси бузурги дигар фармудааст: “Боварии мо ба худ тавассути машғулияти доимӣ ба варзиш қавитар мегардад”. 

 -  Варзиш боз чӣ аҳамияте мушаххасан дар кори муҳандисии ту метавонад дошта бошад?

 - Кори муҳандис бо шиддати зиёди твааҷҷуҳу эҳтиёт, кори зеҳнӣ ва  камҳаракатӣ алоқаманд аст, аз ин рӯ, дар вақти холии худ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул шудан  нафъи фаровон дорад. Дар донишгоҳ ба мо таълим медоданд, ки маҳз тобоварӣ, чолокӣ ва таҳаммулпазирӣ (суботи отифӣ)  хислатҳои муҳими касбии муҳандис мебошанд. Ин як. Ва дуюм, ба фикри ман, намояндагони ҳар як касб ба варзиш ниёз доранд. Варзиш на танҳо "паридану ҷаҳидан"-ро тавонистан аст, балки ба инсон сифатҳое мебахшад, ки барои бомуваффақият ва самаранок анҷом додани  ҳар кору амал заруранд. Ва, муҳимтар аз ҳама, он саломатиро тақвият медиҳад. Олимон исбот кардаанд, ки ҳатто ҳашт дақиқаи варзиш дар як рӯз умри одамонро дароз мекунад. Ҳатто   Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пайваста таъкид мекунад, ки тарзи ҳаёти солим асоси дарозумрии фаъол аст.

 - Дар бораи тарзи ҳаёти солим. Ҳукумати мамлакати мо бо қарори худ аз 30 декабри соли 2021 "Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" - ро тасдиқ намудааст…

 - Бале, медонам. Ва ман онро яке аз беҳтарин барномаҳое мешуморам, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ қабул гардидааст, зеро ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Фаъолияти Ҳукумати ҶТ эълон гардидааст. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо чунин изҳор доштаанд:"Саломатии миллат – сарвати бебаҳои давлати мост". Ва таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот кард, ки инсоният то ҳол барои нигоҳдорию таҳкими саломатӣ ва умри дарозу хушбахтона чизе беҳтар аз тарзи ҳаёти солим (ТҲС) ихтироъ накардааст,  ягон дорую даво ва воситаи дигар наметавонад онро иваз кунад.

- Ба фикри ту тарзи ҳаёти солим мушаххасан чист?

- Тарзи амалкарди беҳин ҳангоми кору тафреҳ (истироҳат), ғизои мутавозин, ҳаракати ҳамарӯзаи барои саломатӣ мусоид ва кофӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, обутоб ёфтан, парҳез кардан аз одатҳои номатлуб,  хондану омӯхтан, меҳру шафқат варзидан ба атрофиён, дарки мусбати ҳаёт, зебоипараст будан.