Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҲОЛАТИ РОҲҲО. Шаби гузашта бар асари сел чандин роҳу пулҳо осеб диданд

Санаи нашр: 28-08-2023 Просмотрено: 1726

Шоми 27 август дар минтақаҳои кӯҳсори кишвар бар асари боришоти зиёд сел омада, чандин роҳу пулҳоро тахриб кард.  

  Дар роҳи байналмилалии “Ваҳдат- Рахш-Лахш” дар ҳудуди ноҳияи  Нуробод дар километри 92-94, 101, 141+800, дар ҳудуди  ноҳияи Рашт дар километри 144, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод дар километри 194 ва дар ҳудуди ноҳияи Сангвор дар километри 22, 25, 28, 27, 39  сели калонҳаҷм  омада,  роҳро вайрон ва ҳаракати нақлиётро муваққатан   қатъ намуд.

Дар айни замон муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт бо истифода аз техникаи муҳандисӣ дар километрҳои 92-94 ва 101- и ноҳияи Нуробод роҳро кушоданд ва ҳаракати ҳама гуна намуди нақлиётро таъмин намуданд. Дар ҳудуди ноҳияи Рашт ва Сангвор низ роҳ қариб тоза карда, ҳаракати нақлиёт  ба роҳ монда шуд.

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар роҳу пулҳои  мавзеҳои  дигари миинтақа идома доранд.

Шоми гузашта дар ноҳияи Варзоб ҳам сел омад, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар роҳи байналмилалмии “Душанбе- Чанак” низ  дар километҳои  18, 19, 22, 23, 47, 56  муваққатан қатъ гардид.

Корҳо оид ба барқарор намудани ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ идома доранд.