Хабарҳо

slider_img
slider_img

Дар Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли электромобилҳо бунёд мегардад

Санаи нашр: 23-08-2023 Просмотрено: 2023

Дар  Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин  оид ба истеҳсоли электромобилҳо бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол,   ба маблағи  25 миллион доллари ИМА бунёд мешавад. Дар ин хусус    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод.

 

       Тибқи иттилои манбаъ, зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 20 августи соли равон  оғоз гардид,  маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкории бахши хусусии Чин ва Тоҷикистон баргузор шуд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол, ба маблағи  25 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

 Хотиррасон мешавем, ки 31 октябри соли 2022 Ҳукумати ҶТ «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028»ғро ба тасвиб расонид, ки   лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат таҳия шудааст. Дар нақшаи амалиёти Барномаи  мазкур самтҳои асосии рушди нақлиёти барқӣ, аз ҷумла ташкили шароити мусоид ва инфрасохтори махсус - таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқ ва ҷамъоварии аккумуляторҳои барқӣ, ташкили заминаи истеҳсолӣ-технологӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва қисмҳои асосии он пурра инъикос ёфта, механизми маблағгузории истеҳсоли нақлиёти автомобилии барқӣ, инчунин қисмҳои таркибии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, донорҳо ва бахши хусусӣ муайян гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки бозори нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулёбист ва талабот ба нақлиёти барқии инфиродӣ аз ҳисоби воридот қонеъ карда мешавад. То январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 507 ҳазору 361 адад воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо (нимядакҳо) ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 (439 972 адад воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо (нимядакҳо)) 67 389 адад ё 13 фоиз зиёд аст. Парки истифодаи нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ аз троллейбусҳо ва автобусҳо иборат буда, дар умум теъдоди онҳо 15 ҳазору 811 ададро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар пойтахт 104 троллейбус, 687 автобус ва 1 электробус ба қайд гирифта шудаанд.

Таҳлилҳои муқоисавӣ бозгӯи онанд, ки дар Тоҷикистон аз шумораи умумии 444 ҳазору 905 нақлиёти сабукрав зиёда аз 120 адади онро нақлиёти барқӣ (0,027) ташкил медиҳад.

        Дар ҷараёни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҶМЧ ҳамчунин Созишномаи қолабӣ байни  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ба маблағи 50 миллион доллари ИМА, Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, ба маблағи 300 миллион доллари ИМА, Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии маркази логистикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 26 миллион доллари ИМА ба имзо расиданд.

 

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе