Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи кормандони роҳи оҳан, ки ҳамасола рӯзи якшанбеи аввали моҳи август таҷлил гирифта мешавад, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок ва суханронӣ кард.
Ҷамъомадро сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ ифтитоҳ карда, хотиррасон шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ корхона ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муассир мегузорад.
Бино ба гуфтаи ӯ, истифодаи нақлиёти роҳи оҳан дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дошта, беш аз 70 дарсади боркашонӣ дар самти байналмилалӣ (содирот ва воридот) тавассути роҳи оҳан амалӣ карда мешавад. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2023 аз ҷониби корхона дар ҳаҷми 3 миллиону 206 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 457,6 ҳазор тонна ё 16,6 % зиёд мебошад.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбарии байналмилалӣ қатораҳои мусофирбарӣ дар хатсайри “Душанбе-Тошканд-Душанбе”, “Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб”, “Душанбе-Волгоград-Душанбе” ва “Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд” фаъолият мекунанд ва шумораи мусофирбарӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 43 ҳазор нафарро ташкил дод.
“Давраи навини рушди Роҳи оҳани Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991- санаи мақоми давлати соҳибихтиёрро гирифтани кишварамон шуруъ мегардад. 17 августи соли 1994 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 403, дар заминаи Шӯъбаи Душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна, Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки оғози солшумории он ҳисоб меёбад ва имсол мову шумо маротибаи 29-ум онро ҷашн мегирем, - иброз дошт зимни суханронии худ Вазири нақлиёти ҶТ Азим Ибороҳим.
Тавре Вазир мутазаккир шуд, воқеан ҳам бо ибтикори бевосита ва ба туфайли дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ роҳи оҳани кишвар, ки яке аз бахшҳои асосии нақлиёт маҳсуб меёбад, ба таҳаввулоти чашмрас ноил гардид, аз ҷумла, роҳи оҳани “Бохтар (Қурғонтеппа)-Кӯлоб”, ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дар кишвар нигоҳ накарда, 7 сентябри соли 1999 бо масофаи 132 км мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ 24 августи соли 2016 қитъаи роҳи оҳани “Ваҳдат-Ёвон” бо масофаи 40,7 км сохта ба истифода дада шуд.
Тавре Азим Иброҳим зикр кард, имрӯзҳо лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории сохтмони хатти нави роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ- Ҷайҳун-Панҷи Поён” ва роҳи оҳани фаръии Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таҳия шудаанд, ки марказҳои иқтисодии ҷануби кишварро бо дигар давлатҳо ва роҳҳои оҳани минтақа пайваст менамояд. Ҳамзамон лоиҳаҳои сармоягузории харидории вагону локомотивҳо таҳия гардида, барои муаррифӣ ва маблағгузории минбаъда ба якчанд созмону фондҳои маблағгузор ва шарикони рушд пешниҳод гардид.
Дар поёни ҷамъамади тантанавӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ ба як қатор фаъолони соҳа ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои пулию хотиравӣ супориданд.