Роҳиоҳанчиёни шарафманди кишвар,
Бо самимияти хос ва эҳтироми бепоён Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо муносибати Иди касбии роҳиоҳанчиён, ки дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва саодату сарбаландиро таманно дорам.
Давраи навини рушди Роҳи оҳани Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991- санаи мақоми давлати соҳибихтиёрро гирифтани кишварамон ва 17 августи соли 1994 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 403, дар заминаи Шӯъбаи Душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна, Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки оғози солшумории он ҳисоб меёбад, ки имсол мову шумо маротибаи 29-ум онро ҷашн мегирем.
Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар ба пешравиҳои зиёд ноил гардид, аз ҷумла бунёди роҳи оҳани Бохтар (Қурғонтеппа)-Кӯлоб, ки ба бӯҳрони шадиди дохилӣ нигоҳ накарда, 7 сентябри соли 1999 бо масофаи 132 км мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ 24 августи соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон бо масофаи 40,7 км сохта ба истифода дада шуд.
Имрӯзҳо лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории сохтмони хатти нави роҳи оҳани “Ҷ. Балхӣ- Ҷайҳун-Панҷи Поён” ва роҳи оҳани фаръии Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таҳия шудаанд, ки марказҳои иқтисодии ҷануби кишварро бо дигар давлатҳо ва роҳҳои оҳани минтақа пайваст менамояд.
Ҳамзамон лоиҳаҳои сармоягузории харидории вагону локомотивҳо таҳия гардида, барои муаррифӣ ва маблағгузории минбаъда ба якчанд созмону фондҳои маблағгузор ва шарикони рушд пешниҳод гардид.
Истифодабарии нақлиёти роҳи оҳан дар иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дошта, беш аз 70,0 дарсади боркашонӣ дар самти байналмилалӣ (содирот ва воридот) бо нақлиёти роҳи оҳан амалӣ карда мешавад.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбарии байналмилалӣ қатораҳои мусофирбарӣ дар хатсайри “Душанбе-Тошканд-Душанбе”, “Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб”, “Душанбе-Волгоград-Душанбе” ва “Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд” фаъолият мекунанд ва шумораи мусофирбарӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 43 ҳазор нафарро ташкил дод.
Инчунин, дар самти мусофирбарии дохилӣ қатораҳои мусофирбарӣ дар хатсайрҳои “Душанбе-Бохтар-Кӯлоб-Душанбе” ва “Душанбе-Турсунзода-Душанбе” ба мусофирон хизмат мерасонанд.
Ҳамкасбони гиромӣ,
Имрӯзҳо Роҳи оҳани Тоҷикистон бо саъю кушиш ва ҷаҳду талоши роҳбарияти он дар пайи амалишавии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ба пешравию дастовардҳои нав ба нав ноил шуда истодааст.
Мо боварии комил дорем, ки минбаъд низ аҳли ин корхона ба хотири пешравии соҳа ва дар маҷмуъ ба болоравии иқтисодиёти кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.
Дар охир Иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти роҳи оҳанро ба ҳамаи шумо, собиқадорон ва кормандони соҳа табрик гуфта, барои ҳамаатон сиҳатмандӣ, хотири ҷамъ, саодату хушбахтӣ ва аз ҳама муҳим- фазои орому осоиштаро дар кишвари азизамон Тоҷикистон таманно менамоям ва дар фаъолияти пурифтихоратон комёбиҳо хоҳонам.
Дғстони азиз,
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби худ кормандони соҳаро, ки дар пешрафту рушди он саҳми арзанда доранд, бо нишонҳои сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ” ва Ифтихорномаҳои Вазорати нақлиёт сарфароз менамояд, ки ин нишони эътироф ва қадрдонии Шумо, кормандони шарафманди роҳи оҳани Тоҷикистон аст.
ш. Душанбе, 04.08.2023