Тибқи маълумоти Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 то 6 августи соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста ба омилҳои метеорологӣ — тӯфони чанг, ки аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба қаламрави мамлакат ворид мешавад, боз ифлосшавии ҳавои атмосфера бо чангу ғубор, зарраҳои андозаи 10 мкр (рм-10) ва 2,5 мкр (рм - 2,5) интизор меравад.
Бинобар ин, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон хотиррасон менамояд, ки эҳтиёткор бошанд.
Аввалан, ҳангоми рондани автомобил дар роҳҳо суръати ҳаракат ва масофаи муайяни байни воситаҳои нақлиётро риоя кунед;
Дуюм, тарфандҳои (маневрҳои) ногаҳонӣ анҷом надиҳед, ҳангоми ҳаракат телефони ҳамроҳатонро рӯшан накунед ва хотиратонро парешон насозед. Дар хотир доред, ки шамоли ногаҳонӣ бо чанг метавонад боиси маҳдуд гардидан ё ба сифр баробар шудани сатҳи дид гардад;
Сеюм, ҳангоми таваққуф фурӯзон кардани чароғҳои чашмакзани изрирориро фаромӯш насозед.