Хабарҳо

slider_img

Вазорати нақлиёт аз фаъолияти шашмоҳа натиҷагирӣ кард

Санаи нашр: 07-07-2023 Просмотрено: 1408

6 июли соли равон дар толори Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон љаласаи њайати мушовара баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти вазорат ва муассисаҳои зертобеи он дар тӯли шаш моҳи соли равон натиҷагирӣ  гардид ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюм муайян карда шуданд.

Бинобар  сабаби дар сафари корӣ қарор доштани Вазир Азим Иброҳим ҷаласа таҳти раёсати муовини аввали ӯ  Раҳим Бобозода сурат гирифт.

Дар кори чаласа сардори Раёсати рушди инфорасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайл Қурбонзода ширкат намуд.

           Ба раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаю корхонаҳои зерсохтори Вазорат, марказҳо ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо муваззаф гардиданд, ки  иҷрои саривақтии дастуру дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин нақшаҳои тарҳрезишудаи вазоратро таъмин намоянд. Аз ҷумла:

         Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ вазифадор гардид, ки дар якҷоягӣ бо масъулини соҳа ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани марҳилаи якуми “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” чораҳои зарурӣ андешида, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёт омодагии ҷиддӣ бинад.

      Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо  супориш гирифт, ки дар якҷоягӣ бо  муассисаҳои давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”- и вилояту минтақаҳо ва муассисаҳои давлатии “Назорати роҳҳои автомобилгард”-и   шаҳру ноҳияҳо омодасозии соҳа барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024-ро таъмин намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешбинӣ намудани маблағгузорӣ ба мақсади таъмиру нигоҳдорӣ ва марҳила ба марҳила ба тавозун гузаронидани роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ,  боз ҳам беҳтар намудани ҳамкорӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои сохтмону таъмир ва азнавсозии роҳҳои маҳалӣ ва иншооти он тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

      Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ супориш гирифт, ки  дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои сохтмон ва хоҷагии роҳҳо, молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ,  муассиаҳои давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳо” ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт лоиҳаи буҷети соҳаро барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳоро барои солҳои 2025-2026 таҳия карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Дар якҷоягӣ бо Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо, МД “ИХРА”-ҳо бо назардошти мушкилиҳои рухдода дар мавсими тирамоҳу зимистонӣ солҳои 2022-2023 захиранамоии миқдори зарурии сӯзишворӣ, маводҳои зидди лағжиш ва омодкунии техникаҳоро аз нав дида, тақсимоти дурусти механизми роҳдориро вобаста ба мушкилиҳои рӯбарӯомада ва аз навтақсимнамоии харитаи ҷойгиршавиро таҳия намуда, ба роҳбарият пешниҳод намоянд.

      Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт   ва  КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”  бояст  ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати назорату танзим ва сертификатсиякунонии соҳа тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд. Ҷиҳати бо тарозуҳои муосир муҷҷаҳаз гардонидани нуқтаҳои баркашӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар тамоми нуқтаҳои баркашии воситаҳои нақлиёт камераҳои назоротӣ насб ва ба шабакаи ягонаи назоратӣ пайваст  карда шаванд. Фаъолияти ҷамъиятҳо ва корхонаҳои нақлиётиро ҷиҳати истифодаи дуруст ва беғаразонаи рухстномаҳои байналмилалӣ пайваста зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо БДА-и ВКД ҳамкории зич ба роҳ монда, оид ба пурра манъ намудани ҳаракати нақлиёти гаронвазн ҷиҳати пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард тадбирҳои қатъӣ андешида, аз рафти он пайваста ба вазорат ахборот пешниҳод намояд.

       КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”  оид ба корҳои ташкилӣ,  аз ҷумла хариди таҷҳизот, инчунин ташкили барномаҳои махсуси соҳавӣ барои шаффофияти фаъолият дар соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ барои солҳои 2021-2024”- ро  дар муҳлати муқарраргардида таъмин намояд. Дар якҷоягӣ бо Раёсатҳои сохтмон ва хоҷагии роҳҳо, робитаҳои байналмилалӣ ва дигар сохторҳои дахлдор раванди шиносномакунии электронии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба роҳ монад.

       КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистондар ҳамкорӣ бо раёсатҳои робитаҳои байналмилалӣ ва нақлиёти рӯизаминии вазорат оид ба боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар соли 2023 тадбирҳои самарабахш амалӣ намуда,  фаъолияти шуъбаҳои маркетингии корхонаро ҷоннок ва ташкили интиқоли борҳоро аз рӯи принсипи мултимодалӣ “автомобил-вагон” роҳандозӣ намояд.

       МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣдар якҷоягӣ бо раёсати нақлиёти рӯизаминӣ лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028”-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани он  омода намояд. Оид ба беҳтар намудани ҳамкорӣ бо ККВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар самти баланд бардоштани сифати  хизматрасонӣ ба мусофирон, аз ҷумла муоширати ронандаҳо бо мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт тадбирҳо амалӣ намояд. Дар якҷоягӣ бо Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ,  Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷиҳати ба тартиб овардани омори борхату роҳхат чораандешӣ намояд.

       Муассисаҳои давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”    ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳо барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ пурзӯр намуда, барои бахшидан истифодабарии самараноки иқтидорҳои мавҷудаи техникӣ  тадбирҳои зарурӣ андешанд...

      Дар фарҷоми ҷаласа сардори  Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Суҳайлӣ Қурбонзода ба сухан баромада, аз нишондиҳандаҳои соҳаи нақлиёту роҳ изҳори қаноатмандӣ кард ва оид ба танзими нақлиёти гаровазн, содироти маҳсулоти ватанӣ тавассути роҳи оҳан, масъалаҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони оянда ва мутобиқи меъёрҳо омода намудани маводи зиддилағжиш, фарогирии ҷамъиятҳои нақлиётӣ бо нақлиёти барқӣ ва гайра дастуру супоришҳои иловагӣ дод.