Тавре огоҳед, 3 июли соли равон сомонаи мо дар бораи ташаббуси Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард" (МДНРА) - и шаҳри Норак ҷиҳати саҳм гузоштан дар ҳифзи муҳити зист хабар дода буд: кормандону мутахассисони ин муассиса контейнерҳои махсуси пластикии тӯрӣ дар шакли “баклажка” сохта, онҳоро дар шафати роҳҳо насб кардаанд. (Ниг. ба “ТАШАББУСЕ, КИ САЗОВОРИ ДАСТГИРИСТ! Мутахассисони МДНРА шаҳри Норак бо ихтирои тозаи худ дар ҳифзи муҳити зист саҳм мегузоранд”, http://mintrans.tj).
Хабари мазкур бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ 4 июл дар сомонаи АМИТ “Ховар” низ нашр шуд.
Дар хабар гуфта мешуд, ки дар ҳудуди шаҳри Норак аллакай чаҳор чунин контейнерҳо пайдо шудаанд. Дар маҷмӯъ, насби даҳҳо чунин “зарфҳо”-и пластикии тӯрӣ барои ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ пешбинӣ шудаанд.
Сокинони Норак нақл карданд, ки онҳо кайҳо боз интизори чунин контейнерҳо буданд, зеро дар шаҳр сол аз сол шумораи корхонаҳои саноатӣ, теъдоди аҳолӣ, сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ меафзояд. Норакиҳо бар ин назаранд, ки бо пайдоиши ин “зарфҳо” миқдори партовҳо коҳиш хоҳад ёфт, зеро сабаби асосии пайдоиши партовгоҳҳои маснӯӣ ё беиҷозат набудани қуттиҳои партов аст.
Дар хабар чунин далелҳои қобили таваҷҷуҳ зикр ёфтаанд:
- дар даҳсолаи охир зарфҳои пластикӣ мӯҷиби фоҷиаи воқеии экологӣ гардидааст - дар уқёнуси ҷаҳонӣ доғҳои бузурге аз партовҳо ба вуҷуд омадаанд, ки асосан аз халтаҳои полииэтилении вайроннашаванда ва зарфҳои пластикӣ иборатанд. Солҳои охир чунин вазъ хатари осеб расонидан ба ҳаёт дар рӯи Заминро ба вуҷуд овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати ислоҳи он тадбирҳо андешад;
- моҳи марти соли 2022 Ассамблеяи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) қатъномаеро қабул намуд, ки он дар ояндаи наздик ифлосшавии табиат бо маводи пластикӣ ва партовҳои онро манъ мекунад. Ин қатънома даъват мекунад, ки дар давоми даҳ соли оянда истифодаи пластмасса дар 170 кишвари ҷаҳон манъ карда шавад;
- Дар Тоҷикистон низ қисми зиёди партовҳоро маводи пластикӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коркарди партовҳои пластикиро ба нақша гирифтааст;
-чанд сол боз ширкати “MacRebur”, ки ба он муҳандиси шотландӣ Тоби Маккартни роҳбарӣ мекунад, партовҳои пластикиро дар бунёди "роҳҳои пластикӣ"истифода мебарад. Маккартни тасмим гирифтааст, ки "сифати пасти роҳҳои мошингардро баланд бардорад ва бо мушкилоти афзояндаи партовҳои пластикӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон мушоҳида мешавад, мубориза барад". Вай ҳамзамон чунин мешуморид, ки усули алтернативии сохтмони роҳ аз пластикаи коркардшуда на танҳо дар Бритониё, балки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ истифода мешавад.
7 июл сомонаи расмии Филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар ҶТ бо чанд акс чунин хабар интишор намуд:
“Дар километрҳои 237 ва 285-уми роҳи “Душанбе – Чаноқ” қуттиҳои махсуси барои партоб пешбинишударо гузоштем. Қуттиҳои мазкур бо усули ҷадид сохта шуда, ояндаи наздик дар масири мазкур теъдоди онҳо зиёд хоҳад гашт.
Котиби матбуотии филиали ширкати IRS Далер Абдулло чунин илова кардааст: “Ин иқдоми "IRS" дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб буда, минбаъд идома ва тавсеа хоҳад ёфт”.
Тавре хабарнигорони мо иттилоъ ёфтанд, чунин контейнерҳои тӯрии пластикӣ дар шакли “баклажка” дар кӯчаҳои Хуҷанд ва Душанбе (дар назди муҷтамаи “Диёри Душанбе”) низ пайдо шудаанд!