Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҲАДИСИ МУСАВВАР. Вазири нақлиёт аз муассисаҳои нақлиёти боркашонии Хуҷанд боздид намуд

Санаи нашр: 03-07-2023 Просмотрено: 1881

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар рафти сафари корӣ ба вилояти Суғд рӯзи 1 июл аз корхонаҳои нақлиётии Хуҷанд – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Сайёд", "Сорбон" ва "Акмал", ки бо ҳамлу нақли борҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ машғуланд,  боздид намуд.

Азим Иброҳим назару пешниҳодоти роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои нақлиётиро шунида, бо онҳо масъалаҳои ҳалталаби соҳаи боркашонӣ, аз ҷумла боркашонии байналмилалиро муҳокима кард.

Дар сӯҳбат бо интиқолдиҳандагони хусусӣ мавзӯъҳои марбут ба  танзиму тасвияти низоми боркашонӣ, рақамикунонии соҳа, истифодаи технологияҳои нав, васеъ кардани ҷуғрофияи боркашонӣ, риояи меъёрҳо ва қоидаҳо, ҳалли мушкилоти интиқоли бор аз як терминал ба терминали дигар, беҳтар сохтани  сифати хизматрасонӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.