Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТАШАББУСЕ, КИ САЗОВОРИ ДАСТГИРИСТ! Мутахассисони МДНРА шаҳри Норак бо ихтирои тозаи худ дар ҳифзи муҳити зист саҳм мегузоранд

Санаи нашр: 03-07-2023 Просмотрено: 1633

Мутахассисони Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард" (МДНРА) - и шаҳри  Норак дар ҳифзи муҳити зист саҳм мегузоранд: онҳо контейнерҳои махсуси пластикии тӯрӣ дар шакли “баклажка” сохта, онҳоро дар канори роҳҳо насб кардаанд.

Дар ҳудуди шаҳр аллакай чаҳор  чунин  контейнерҳо пайдо шудаанд. Дар маҷмӯъ, насби даҳҳо чунин “зарфҳо”-и пластикии тӯрӣ барои ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ пешбинӣ шудаанд.  

Сокинони Норак  нақл карданд, ки онҳо кайҳо боз интизори чунин контейнерҳо  буданд,  зеро дар  шаҳр  сол аз сол шумораи корхонаҳои саноатӣ, теъдоди аҳолӣ, сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ меафзояд. Норакиҳо бар ин назаранд, ки бо пайдоиши ин “зарфҳо” миқдори партовҳо коҳиш хоҳад ёфт, зеро сабаби асосии пайдоиши партовгоҳҳои маснӯӣ ё беиҷозат набудани қуттиҳои партов аст.

Тавре ба ҳама маълум аст, дар баробари рушди иқтисод ва саноат аҳамият ва маъруфияти маводи полимерӣ  торафт бештар мешавад. Вале бо вуҷуди тамоми бартариҳои маводи пластикӣ он мӯҷиби фоҷиаи воқеии экологӣ гардидааст: дар уқёнуси ҷаҳонӣ доғҳои бузурге аз партовҳо ба вуҷуд омадаанд, ки асосан аз халтаҳои полииэтилении  вайроннашаванда ва  зарфҳои пластикӣ иборатанд. Солҳои охир чунин вазъ хатари осеб расонидан ба  ҳаёт дар рӯи Заминро ба вуҷуд овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати ислоҳи он тадбирҳо андешад.   

 Мавриди зикр аст, ки моҳи  марти соли 2022 Ассамблеяи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид  оид ба муҳити зист (ЮНЕП) қатъномаеро қабул намуд, ки он дар ояндаи наздик ифлосшавии табиат бо маводи пластикӣ ва партовҳои онро манъ мекунад. Ин қатънома даъват мекунад, ки дар давоми даҳ соли оянда истифодаи пластмасса дар 170 кишвар манъ карда шавад.  Санади мазкур таъсиси Кумитаи байниҳукуматии гуфтушунидро пешбинӣ намудааст, ки бояд то соли 2024 шартномаи манъи ифлосшавии муҳити зистро  аз маводи пластикӣ омода созад. Президенти ассамблеяи ЮНЕП, Вазири иқлим ва муҳити зисти Норвегия Эспен Барт Эйде таъкид кард, ки рӯзи қабули ин ҳуҷҷат санаи таърихӣ аст. Вай инчунин хотиррасон намуд, ки партовҳои пластикӣ ба нобудшавии бисёр намудҳои биологӣ  сабаб мешаванд.

Тибқи пешгӯиҳо, бидуни тағироти глобалӣ  истеҳсоли пластикӣ то соли 2040 ду баробар бештар хоҳад шуд, ки боиси афзоиши назарраси партовҳо дар уқёнус то соли 2050 мегардад. Қаблан як назарсанҷии IPSOS нишон дод, ки сеяки аҳолии сайера омодаанд, ки барои барқарор кардани муҳити зист аз маводи пластикӣ даст кашанд. Дар тадқиқот 20 ҳазор нафар аз 28 кишвар иштирок карданд. 75 фоизи онҳо мехоҳанд, ки пластикаи якдафъаина пурра ва ҳарчи зудтар манъ карда шавад ва 82 фоизи онҳо мехоҳанд, ки дар бастаи маҳсулот камтар аз ин мавод истифода шавад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода чанде қабл дар як дар мусоҳибаи худ  рӯзномаи "Ҷумхурият"  зикр кард, ки қисми зиёди партовҳоро дар мамлакати мо маводи пластикӣ ва полиэтиленӣ  ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ба роҳ мондани коркарди партовҳои пластикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки иқдоми хеле муҳим  аст. Шерализода илова намуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати татбиқи лоиҳаи коркарди партовҳо дар марҳилаҳои аввал ҳамкориро бо бахши хусусӣ тақвият  хоҳад дод.

Миқёси ифлосшавии муҳити зист аз маводи  пластикӣ дар ҷаҳон воқеан даҳшатовар аст. Ҳисоботи MacArthur Foundation дар соли 2016 нишон дод, ки "аз миллиардҳо тонна пластикае, ки ҳар сол истеҳсол мегардад, танҳо 14% коркард мешаваду халос".

Ва боз.... Чанд сол пеш муҳандиси шотландӣ Тоби Маккартни бо муаллифӣ дар ихтирооти беназир  дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузошта буд. Ширкати ӯ MacRebur партовҳои пластикиро дар бунёди "роҳҳои пластикӣ"истифода мебарад. Маккартни тасмим гирифт, ки "сифати пасти роҳҳои мошингардро баланд бардорад ва бо мушкилоти афзояндаи партовҳои пластикӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон мушоҳида мешавад, мубориза барад".

Вай ҳамзамон чунин мешуморид, ки усули алтернативии сохтмони  роҳ аз пластикаи коркардшуда на танҳо дар Бритониё, балки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ истифода мешавад.

Ин маълумот барои мулоҳиза ба роҳсозони Тоҷикистон  пешниҳод мегардад.

 Бо назардошти ин ҳама, навоварии мутахассисони МДНРА шаҳри Норакро, ки аллакай  мавриди истифода қарор гирифтааст, метавон яке аз "лоиҳаҳои" хурд, вале хеле муҳим ва муфид дар ҳаракати ҷаҳонии ҳифзи  муҳити зист  номид! Чаро не?!

Ин ташаббус сазовори дастгирист ва месазад онро ҳамаҷониба тақвияту тавсеа бахшид!