Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо фармоиши худ аз 20 апрели соли 2023, №67 Қоидаҳои ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
Қоидаҳои нави ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 37, 39, 46, 75, 99 ва 111 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бандҳои 6 ва 8 Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011 тасдиқ шудааст, таҳия гардидаанд.
Қоидаҳои мазкур вазифаҳо ва талаботҳои асосиро ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки бо фаъолияти марбут ба ҳамлу нақли мусофирону бағоҷ тавассути воситаҳои нақлиёт машғуланд, муайян менамоянд.
Тибқи Қоидаҳо, ҳолати техникии автомобилҳо бояд бехатарии ҳаракати нақлиётро кафолат диҳад. Интиқоли мусофирон тавассути воситаҳои нақлиёт бо кори боэътимоди гиреҳҳо, агрегатҳо ва таҷҳизот, ки бехатарии ҳаракатро дар ҳама гуна шароит таъмин мекунанд, иҷозат дода мешавад. Аз ҷумла, ҳамаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки барои интиқоли одамон пешбинӣ шудаанд, бояд тоза нигоҳ дошта шаванд ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ бошанд, бо лавҳа бо зикри ном ва насаби ронанда, қутии кумакҳои аввалияи тиббӣ, нишони таваққуфи садамавӣ, чархи эҳтиётӣ, тахограф (дастгоҳи назорат суръати ҳаракат, ҳарорати ҳаво, реҷаи кору истрироҳати ронанда), инчунин воситаҳои оташнишонӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.
Бо матни пурраи Қоидаҳои ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонед дар сомонаи мо, дар бахши “Вазорат. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Дастурҳо” шинос шавед.