Кормандони шарафманди соҳаи роҳу нақлиёт!
Ҳамаи Шуморо бо санаи барои тоҷикистониён муқаддасу тақдирсоз - Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям! Бигузор ҳамеша ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвари азизи мо пойдор ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар фазои он осудаву комгор бошад.
Бо ҳукми тақдир пас аз ҳазорсолаҳо миллати тоҷик аз нав соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, вале, чунон ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, «мутаассифона, ба ҷойи шукрона аз ин неъмати худодод ва ҳифзу таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мардуми кишвари тозаистиқлоли мо бо дасисаи душманони хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид».
Хушбахтона, бо талошҳову ҷоннисориҳои Пешвои хирадманди тоҷикон 27 июни соли 1997 Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ барои миллати тоҷик на танҳо сулҳу оромӣ овард, балки сарнавишти онро ба куллӣ дигаргун сохт. Ба парокандагиву хунрезӣ ва нофаҳмиҳо хотима гузошта шуда, миллати пароканда ба ҳам омад.
Ба қавли шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ:
Ҷанги девонвори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад...
Тоҷикистон роҳи рушди босуботро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ интихоб намуд ва имрӯз дар ин роҳ бо қадамҳои уствувор пеш меравад.
Фаъолияти босамари ҳокимияти давлатӣ ва ободии кишварро дида, шукр мекунем, ки мо сарвари фарзонаву дурандеш дорем, ки бо сиёсати оқилона ва дурбинонаи худ манфиатҳои давлати тозаистиқлоламонро аз ҳуҷумҳои низомию фарҳангии душманон дифоъ менамоянд. Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд: «Мо ба мисли давлатҳои пешрафтаи дунё силоҳи бимовару таҳлукабарангез надорем, аммо фарҳанги тамаддунофар, имони росих, дасти созанда ва хиради азалӣ дорем». Албатта бо такя бар ин чаҳор унсури тавоно мо метавонем ваҳдату осудагии Ватанмонро ҳифз намоем.
Мо аз ваҳдату якдилӣ ҳарф мезанем, дар ҳоле, ки бештари кишварҳои дунёро оғуштаи ҷангу хунрезӣ ва нифоқу низоъҳои байниҳамдигарӣ мебинем. Набояд он рӯзҳои хунину ҳузнангезро фаромӯш созем, ки душман миллати моро қариб ба нестӣ оварда буд. Ҳанӯз ҳам бадхоҳон ният доранд суботу оромии кишвари азизамонро ноамн гардонанд. Бояд шукри осудагии кишвар кунем ва нагузорем, ки хоинони миллат бо истифода аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ фарзандони моро гумроҳ сохта, миёни ҷомеаи мо нифоқ барангезанд. Танҳо бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ метавонем пеши роҳи душманони миллатро бигирем ва музаффариятҳои ваҳдату истиқлолро ҳифз намоем.
Саҳми мо, кормандони соҳаи роҳу нақлиёт дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон он аст, ки ҳар яки мову шумо вазифаи бар дӯш доштаамонро софдилонаву поквиҷдонона анҷом диҳем.
Боиси хушбахтист, ки роҳбарияти олии мамлакат ба таври бесобиқа ба рушди соҳаи нақлиёту роҳсозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Расман эълон гардидани яке аз чаҳор ҳадафи стартегии мамлакат –“Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон” шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба чор сӯи олам роҳ кушод. Яке аз самтҳои ҳадафи стратегии Ҳукумат - аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва ба як давлати воҳид табдил додани он ба даст омад. Дар ин самт то имрӯз қариб 60 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 20 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, зиёда аз 2200 километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар ин раванд солҳои наздик боз таъмир, сохтмон ва барқарорсозии зиёда аз ҳазор километр роҳҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯзҳо тавассути ҳудуди Тоҷикистон 10 долони байналмилалии нақлиётии транзитӣ мегузарад.
Ҳамкориҳо бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар сатҳи хуб қарор доранд. Айни замон татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ идома дорад.
Аз ҷумла, сохтмони пулҳо дар ВМКБ, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Қизилқалъа - Бохтар дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба анҷом расида, корҳо аз рӯи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаихум – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон, таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, Данғара – Оқмазор вуа ғайра идома доранд.
Бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз 30 соли таваққуф ҳаракат қатораҳои мусофирбар дар хатсайри “Душанбе – Тошканд” оғоз гардида, ҳаракати қатораҳо ба Федератсияи Русия низ барқарор карда шуд, ки ин ҳам нишоне аз ваҳдати миллӣ ва субот дар ҷомеаи кишвари мо мебошад.
Пешравиҳои соҳаи нақлиёт, ки ба туфайли сулҳи пойдори кишвар ва ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, кам нестанд. Мо бояд аз ин падидаи нек шукргузор бошем, дар роҳи татбиқи нақшаҳои дигари бар дӯшамон гузошташуда аҳлона меҳнат кунем ва барои ба кишвари транзитии муосир табдил додани Тоҷикистон талош варзем.
Бо ин ниятҳои нек бори дигар шуморо ба ин рӯзи саид табрик гуфта, даъват ба амал меорам, ки ҳар яки мову шумо боястӣ ҳамчун шаҳрванди бонангу номус манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоламон -Тоҷикистонро аз манофеи ҳизбиву гурӯҳӣ ва диниву мазҳабӣ болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии Ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи мардуми кишвар ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоем. Барои ободии ин Ватан, ин халқу миллат ва ояндаи нек содиқона хизмат намоем.
Беҳуда нагуфтаанд:
Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирузӣ аз иттифоқ хезад.
Осудагиву иттиҳод, тансиҳатӣ ва ободии хонадони ҳар яки шуморо таманно дорам.
Иди ваҳдату ҳамдилӣ муборак!