Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МАШВАРАТИ КОРӢ. "Ҳар касе, ки ифтихори миллӣ дорад ва эҳтироми худро ба ҷо меорад, бояд инро бо корҳои амалӣ нишон диҳад!..»

Санаи нашр: 19-06-2023 Просмотрено: 1509

17 июн дар Кӯлоб ҷаласаи Гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбари гурӯҳ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, фаъолони шаҳр, раисони ҷамоатҳо,  сарварони муассисаҳо ва ташкилотҳо, имомхатибони масҷидҳои шаҳр, намояндагони ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Тафсилоти бештар – дар гузориши хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи "Наклиёт".

 Машваоратро роҳбари Гурӯҳи корӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ифититоҳ намуда, чунин  зикр намуд:: "Мақсади асосии мулоқоти мо бо шумо ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳ ва муайян кардани доираи вазифаҳое мебошад, ки мо бояд дар ояндаи наздик  якҷоя ҳал кунем. Барои ин мо 5 зергурӯҳи корӣ таъсис додем, ки вазифаи онҳо шиносоӣ бо вазъият дар 4 ҷамоати шаҳр, ошкор кардани ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии мавҷуда ва дар сурати лозим ҳалли онҳо бо талошҳои муштарак  мебошад”.

Сипас, ҳисоботи роҳбарони ҳамаи панҷ зергурӯҳи корӣ, ки дар давоми чанд рӯз ҷараёни корҳои сохтмону ободониро  дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳр, аз ҷумла дар иншооти ҷашнӣ санҷиданд, шунида шуд.

Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Вазири нақлиёти кишвар, дар навбати худ, ҳисоботи роҳбаронеро, ки дар фаъолияти онҳо камбудиҳои ҷиддӣ ошкор карда шуда буданд, шунид ва онҳоро бо нишон додани мӯҳлатҳои мушаххас муваззаф намуд, ки вазъро ислоҳ кунанд.

"Агар мушкилоте вуҷуд дошта бошанд, ки онҳоро худатон ҳал карда наметавонед, роҳбарияти шаҳр ва моро огоҳ созед, мо, мо кӯмак хоҳем кард ва бо кӯшиши якҷоя ҳамаи масъалаҳо ҳалли худро пайдо хоҳанд намуд. Муҳим он аст, ки иншоот дар муҳлати муайяншуда  бо сифати баланд бояд сохта ва ба истифода дода шаванд,  зеро ба таъхир афтидани корҳо оқибатҳои номатлуб доранд, – махсусан ба роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳо муроҷиат намуда, таъкид сохт Азим Иброҳим. - Бо канорагирӣ аз масъулият мушкилот ҳал намешавад. Ҳар касе, ки ифтихори миллӣ дорад ва эҳтироми худро ба ҷо меорад, бояд худро бо корҳои амалӣ  нишон диҳад, на танҳо дар рӯи коғаз, балки бо натиҷаҳои мушаххас».

 Бо натиҷагирӣ аз кори машварати дусоата Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр роҳбари Гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва кормандони масъули вазоратро, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, итминон дод, ки ҳамаи эродҳо ва ислоҳи камбудиҳое, ки дар ҷараёни санҷиши зергурӯҳҳои корӣ ошкор шудаанд,  зери назорати шахсии ӯ қарор хоҳад  гирифт.    "Роҳбарияти шаҳр барои ислоҳи вазъ дар ҳама иншооти  ҷашнӣ тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод ва ин иншоот дар мӯҳлати пешбинишуда  ба истифода дода хоҳанд шуд", -гуфт Раиси шаҳр.

Дар фарҷоми машварат аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим чунин хабари хуш эълон карда шуд: "Ман хеле хушҳолам, ки вохӯрии худро бо шумо бо як оҳанги хушбинона, ба истилоҳ, мажорӣ ҷамъбаст мекунам. Сухан дар бораи сокинони шаҳри Кӯлоб меравад, ки сазовори таҳсину таҳният ҳастанд  ва месазад, ки мо имрӯз  онҳоро бо дастовардҳои арзандаашон табрик гӯем! Ин рӯзноманигор ва нависандаи маъруф  Аҳмади Иброҳим аст, ки муаллифи романи "Спитамен" мебошад, ки бо ин асари худ дар саҳнаи театр муваффақият ба даст овардааст ва ҳамчунин  бону Ҳанифамо Сатторова, ки дар  мусобиқоти бонуфуз оид ба бокс ба комёбӣ ноил шудааст.    Ин пирӯзии на танҳо кулобиҳо, балки тамоми Тоҷикистон аст! Бо пирӯзиҳои худ шумо эътибор ва обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ низ  баланд хоҳед намуд!..».

 Ва, ниҳоят,  тақдими  Сипосномаҳои  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазир ба ин ду нафар қаҳрамони рӯз касеро дар толор бетафовут нагузошт.  Тамоми ҳозирин рост истода, кафкӯбӣ карданд...

 

                                                                                  Зафар МУРОДОВ,

                                                                           ҳафтаномаи   «Наклиёт»

                                                                              АКСИ  муаллиф