Хабарҳо

slider_img

То охири тобистон қитъаи роҳи мошингарди «Гулистон – Кӯлоб» ба истифода дода мешавад

Санаи нашр: 10-06-2023 Просмотрено: 1742

Қитъаи “Гулистон – Меҳробод”- и роҳи автомобилгарди “Гулистон – Кӯлоб”, ки 3,2 километрро ташкил медиҳад,  то охири моҳи август ба истифода дода мешавад. Дар ин бора 10 июн ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки аз ҷараёни корҳои сохтмону азнавсозӣ  дар ин қитъаи роҳ дидан намуд, иттилоъ дода шуд.

Мутахассисони муассисаҳои зертобеи вазорат айни замон қитъаи “Гулистон – Меҳробод”-ро аз муоинаи техникӣ гузаронида, ҷиҳати таъмиру барқарорсозии он харҷномаи иҷрои корҳоро омода намуданд.   

Ҳоло иҷрои чунин корҳо ба роҳ монда шудаанд:

- кандани асфалти кӯҳна дар ҳаҷми 3040 м3;

- кашонидани асфалти кӯҳна ба миқдори 6080 тн ба масофаи 1 км;

- тахту ҳамвор кардани қисмати замини роҳ ба масоҳати 15200 м2;

- мустаҳкам намудани таҳкурсии роҳ ба масоҳати 11200 м2;

- кашонидани шағали табиӣ дар ҳаҷми 300 м3.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби муассисаҳои зертобеи вазорат дар ин роҳ иҷрои корҳои сохтмону азнавсозӣ босуръат идома дошта, ҳаракати нақлиёт дар ин масир таъмин аст.Вазири нақлиёт ба муаасисаҳои машғули кор супориш дод, ки дар муддати 10 рӯз омодасозии таҳкурсии қитъаи роҳ анҷом дода шавад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомали Раҳмон моҳи декабри соли гузашта дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баён доштанд, соли 2023 дар вилоти Хатлон сохтмону таҷдили  роҳҳои мошингарди “Гулистон – Кӯлоб” (32,5 километр), “Данғара – Гулистон” (49,2 километр), “Гулистон – Фархор” (40 километр), “Бохтар – Левакант – Данғара” (40 километр), инчунин 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз мегарданд.  

Хотиррасон мешавем, ки масъалаҳои рушди соҳаи нақлиёти кишвар, аз ҷумла беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгард ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба миён гузошта шудаанд.