ДУШАНБЕ, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июн то 31 августи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз соати 10:00 то 19:00 маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда шудааст.
Иқдоми мазкур аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали ШС “Инновейтив Роуд Солюшинз ЛТД” (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011, №569 “Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум” роҳандозӣ гардидааст ва он, аз ҷумла, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар яке аз роҳҳои асосии байналмилалии Тоҷикистон – роҳи автомобилгарди “Душанбе - Чанок”-ро низ дар назар дорад.
Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта (ба ҳар тири меҳварии нақлиёт на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст), нигоҳ доштани роҳҳо аз вайроншавии пеш аз муҳлат дар гармои тобистон, таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт нагаронида шудааст.
Ҳамзамон бояд зикр кард, ки чунин маҳдудият ҳар тобистон аз соли 2020 инҷониб ҷорӣ мегардад. Он нисбат ба мошинҳое, ки мусофирон, кумакҳои башардӯстона, маҳсулоти хӯроквории зуд вайроншаванда, борҳои хатарнок, калонҳаҷм, ангишт интиқол медиҳанд ва иҷозатномаи махсус доранд, амалӣ карда намешавад.
Чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксари мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.