Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

«БРАМОМ-4». Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ натиҷаҳои сафари худро ба Тоҷикистон ҷамъбаст намуд

Санаи нашр: 30-05-2023 Просмотрено: 1720

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 30 майи соли  равон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии  Муҳаммад Зулфиқор Аҳмад доир ба ҷамъбасти сафари кориашон дар доираи лоиҳаи “БРАМОМ-4” мулоқот намуд.

Дар мулоқот Вазири нақлиёти ҶТ аз ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо кишварамон, бахусус, дар соҳаи нақлиёт ёдовар шуда,  изҳори итминон намуд, ки лоиҳаи “БРАМОМ-4” бо сифати баланд ва дар муҳлатњои муқарраршуда амалӣ  хоҳад гардид. 

“Ҳар як сафари кории Шумо барои пешравии лоиҳаи “БРАМОМ-4” таккони босамар медиҳад, ҳарчанд корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳҳои таҷдидшаванда нав оғоз гардиданд ва мо умед дорем, ки бо дастгирии доимии гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем”, -  зикр намуд вазир.

Ҷонибҳо масоили вобаста ба рафти корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи “БРАМОМ-4”, махсусан, дар доираи ҷузъиёти 1 ва 2-ро, ки ба воридкунии Низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) ва татбиқи Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ бахшида шуда буд, муҳокима намуданд.

Дар навбати худ ҷаноби Муҳаммад Зулфиқор Аҳмад ба роҳбарияти Вазорат барои ҳамкориҳои судманд арзи сипос намуда, ваъда дод, ки  ин ҳамкориҳо минбаъд боз ҳам густариш меёбанд. 

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ  аз 22 то 30 майи соли равон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар татбиқи марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ -  БРАМОМ-4” ба Точикистон ташриф оварда, бо намояндагони Вазорати нақлиёти ҶТ, аз ҷумла, Гуруҳи татбиқи лоиҳаи назди Вазорат  якчанд мулоқот доир намуд ва бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳи вилояти Суғд (дар доираи лоиҳабуда) шинос гардид.

Хотиррасон мешавем, ки дар ҳудуди вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи “БРАМОМ-4” азнавсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла:

 - таҷдиди қитъаи “Куруш – Бекобод” бо дарозии - 12,3 км;

- таҷдиди қитъаи роҳи  “Деҳмой – Б. Ғафуров” бо дарозии - 22,0 км;

- азнавсозии қитъаи роҳи “Б. Ғафуров – Хистеварз” бо дарозии 6,6 км;

- азнавсозии қитъаи роҳи “Конибодом – Кучкак” бо дарозии 10,3 км.

Инчунин дар доираи лоиҳа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сохтмони пул бо дарозии 200 метр ва сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 км дар шаҳри Хоруғ, бунёди роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840 метр ва як пул бо дарозии 82,3 метр пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2023 инчунин сохтмони яке аз лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи нақлиёт -  роҳи “Гулистон – Кӯлоб”  бо дарозии  32,5 километр ба нақша гирифта шудааст.

 Бояд тазаккур дод, ки сохтмону таҷдиди роҳҳои мазкурро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат муҳим  арзёбӣ намуданд.