Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТАКСИҲОИ ШАҲРУ НАВОҲИИ АТРОФИ ДУШАНБЕ ДАР ПОЙТАХТ. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт хабар медиҳад

Санаи нашр: 24-05-2023 Просмотрено: 11530

11 майи соли равон дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт бо иштроки роҳбарону намояндагони ширкату ҷамъиятҳои хизматрасонии мусофиркашонӣ ҷаласа доир гардид, ки дар  он масъалаи  пешгирии ба шаҳри Душанбе воридшавии таксиҳои шаҳру навоҳии атрофи пойтахт баррасӣ гардид.

 

Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода зикр намуд, ки ҷиҳати пешгирии воридшавии  воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф ба ҳудуди шаҳри Душанбе, тамбашавии нақлиёт ва дар доираи квотаи муайяншуда ба танзим даровардани онҳо пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Вале, ба гуфтаи ӯ, ҳолати хизматрасонии такси дар пойтахт ҳанӯз ташвишовар буда,  ба талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз  14 декабри соли 2022, №642 ҷавобгӯ нест.

Гуфта шуд, ки мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи шаҳрдорӣ, воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд мусофиронро танҳо то терминалҳои даромадгоҳҳои пойтахт  интиқол диҳанд. Вале мушоҳидаҳо ва натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нишон медиҳанд, ки ҳамарӯза таксиҳои минтақаҳои дигар дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардида, ба низоми хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт халал мерасонанд, ба тамбашавӣ ва риоя нашудани  қоидаҳои ҳаракати роҳ боис мегарданд.

Дар ҷаласа натиҷаи корҳои дар давоми се рӯз  гузаронидаи Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуд ва зикр гардид, ки 14 чунин ҳолат ба воситаҳои нақлиёти ҶДММ “Ҷасур Т”- и ноҳияи Рӯдакӣ, 11 ҳолат ба ҶДММ “Сафар Ориён”-и  шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, 2 ҳолат ба ҶДММ “ХС Узтрейд Тоҷикистон”- шаҳри Ваҳдат, 2 ҳолат ба ҶДММ “Нақлиёт”-и шаҳри Ҳисор, 2 ҳолат ба ҶДММ “Самара”-и шаҳри Ваҳдат тааллуқ доранд. Нисбати ронандагон протоколҳои ҳукуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Таъкид гардид, ки ҶДММ “Хатлон”, ки макони ҷойгиршавиаш шаҳри Бохтар мебошад, филиалҳои худро бо 31 адад такси дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 50 адад такси дар шаҳри Норак таъсис додааст ва фаъолияти ғайриқонунии як қисми ин таксиҳо дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.

ҶДММ “Варзобнақлиёт”, ки бо 630 адад такси дар масири Душанбе-вилояти Суғд ба мусофиркашонӣ машғул аст, вазифадор карда шуд, ки фаъолияти худро то нуқтаи муайяншуда – терминали “Чорбоғ” ба роҳ монад.

Махсус тазаккур дода шуд, ки ширкатҳои мусофирбари такси, ки зери брендҳои “1111”, “3333”, “888” ва “1616” дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор филиалҳои худро боз намудаанд ва ронандагони ин филиалҳо бо намои (экипировкаи) ширкатҳои мазбур дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ мусофиркашонӣ мекунанд.

Дар ҷаласа ба роҳбарон ва намояндагони ҳамаи ширкату ҷамъиятҳои мусофирбар супориш дода шуд, ки дар муддати як моҳ камбудиҳои зикршударо бартараф намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани воридшавии таксиҳои шаҳру навоҳии атроф ба пойтахти кишвар тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Ба сарварони шуъбаҳои дахлдори Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе супорида шуд, ки назоратро ҷиҳати пешгирии ҳолати мазкур пурзӯр намоянд.

Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Ҳисор, Рашт, Бохтар муваззаф гардиданд, ки фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти прокуратура ва РБДА- и ВКД ҶТ ҳамоҳанг намуда, дар ҳолати минбаъд содиршавии қоидавайронкуниҳо нисбати ширкату ҷамъиятҳои мусофирбари дахлдор чораандешӣ намоянд.